Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов
Соли таъсис 1951
Президент Маҳмадизода Нозим Давлатмурод (аз аз 29 феврали соли 2024)
Аъзои вобаста 145
Нишонии ҳуқуқӣ ш. Душанбе, 734025, хиёбони Рӯдакӣ, 33
Сайт ifanrt.tj

Таърихи таъсис ва фаъолияти Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИ ҶТ аз нимаи дуюми асри гузашта шурӯъ мешавад. Соли 1951 бо Қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (аз 8 марти соли 1951, №116) Шӯъбаи фалсафа таъсис ёфта буд, ки пас аз ташкили АИ ҶШС Тоҷикистон (апрели соли 1951) ба сохтори он дохил гардид. Баъдтар дар заминаи шӯъбаи мазкур Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ (соли 1991) ва дар феврали с. 2011 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ ташкил шуд.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар солҳои 50 асри гузашта сарвари Шӯъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон донишманди маъруфи тоҷик, академик Алоуддин Баҳоуддинов буд. Таҳти роҳбарии илмии А.Баҳоваддинов кормандони Шӯъбаи фалсафа масъа-лаҳои фалсафаи марксистиву ленинӣ, ба хусус материализми диалективу таърихӣ ва таърихи фалсафаро тадқиқ намуданд. Дар давраи аввали фаъолияти Шӯъбаи фалсафа аксари тадқиқот ба таърихи фалсафа ва афкори иҷтимоиву сиёсии халқи тоҷик ва мардумони кишварҳои ҳамсоя бахшида шуда буданд. Дар ин солҳо ба рушди илми фалсафа тарҷумаи осори навтарини илмӣ ба забони тоҷикӣ, ки аксари онҳоро кормандони Шӯъбаи фалсафа анҷом дода буданд, таъсири мусбат расонд.

Солҳои 1965-1988 сарвари Шӯъбаи фалсафа узви вобаста, номзади илми фалсафа Ғаффор Ашӯров буд.

19 марти соли 1991 дар заминаи Шӯъбаи фалсафа ва Шӯъбаи ҳуқуқи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶШС Тоҷикистон ташкил карда шуд. Академик, доктори илми фалсафа Мусо Диноршоев директори институт интихоб гардид. Дар марҳилаи аввали фаъолияти Институти фалсафа ва ҳуқуқ кормандони он ба таҳқиқи масъалаҳои фалсафиву ҳуқуқ, ки бо таърихи пайдоиш ва рушди фалсафаи тоҷик робита доранд, машғул буданд; масъалаҳои назариявӣ ва методологии онтология, гносеология ва антро-пология; фалсафаи иҷтимоӣ, таърихи фалсафа ва дин; таҳлили сотсиологии таҳаввулоти сохторӣ дар Тоҷикистон; нашри мероси фалсафӣ ва ҳуқуқӣ.

Соли 2004 бо пешниҳоди Раёсати АИ ҶТ Ҳукумати ҶТ қароре қабул кард, ки тибқи он Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ ба номи академик Алоуддин Баҳоуддинов гузошта шуд. Бо мақсади такмил ва татбиқи сиёсати ҳуқуқии ҶТ, равона кардани фаъолияти илмиву тадқиқотӣ ба омӯ-зиш ва ҳалли ҳодисаҳову масъалаҳои давлативу ҳуқуқии ҳозира, тарбияи мутахассисони баландихтисос дар соҳаи ҳуқуқи миллӣ ва байналмилаӣ бо Қарори Ҳукумати ҶТ (аз 2 декабри соли 2005, №474) дар заминаи шӯъбаи давлат ва ҳуқуқи АИ ҶТ Институти давлат ва ҳуқуқи АИ ҶТ ташкил карда шуд.

Дар солҳои 2007-2008 Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ ба номи академик Алоуддин Баҳоуддинов-ро профессор, узви вобастаи АИ ҶТ Кароматулло Олимов сарварӣ намуд.

Солҳои 2009 доктори илми фалсафа Абдулвоҳид Шамолов ( 2009 -2011) директори Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ ба номи академик Алоуддин Баҳоуддинов интихоб гардид.[1]

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ (аз 4 феврали с. 2011, №35) Институти фалсафаи АИ ҶТ ва Институти давлат ва ҳуқуқи АИ ҶТ муттаҳид карда шуда, дар асоси онҳо Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ ташкил гардид. Директори институт номзади илмҳои фалсафа Назар Муъмин Абдуҷалол (2011-2015) буд. [2] Дар солҳои 2015-2019 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддиновро, узви вобастаи АМИТ , доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз сарварӣ намудааст.[3]

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ ( аз 29 феврали соли 2024, №122) директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмадизода Нозим Давлатмурод таъин карда шудааст. [4]

Сохтор ва ҳайати пажӯҳишгоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳоло институт дорои 15 шӯъбаи илмиву таҳқиқотӣ мебошад: шӯъбаи онтология ва гносеология; шӯъбаи фалсафаи илм ва мантиқ; шӯъбаи таърихи фалсафа, шӯъбаи фалсафаи иҷтимоӣ; шӯъбаи фалсафаи фарҳанг; шӯъбаи таърих ва фалсафаи дин; шӯъбаи сотсиология, шӯъбаи сиёсат-шиносӣ; шӯъбаи муносибатҳои байнал-милалӣ; шӯъбаи ҳуқуқи давлатӣ; шӯъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ; шӯъбаи ҳуқуқи исломӣ; шӯъбаи назарияи муосири давлат ва ҳуқуқ; шӯъбаи ҳуқуқи муқоисавӣ (компаративӣ). Ғайр аз ин дар институт Маркази синошиносӣ ва китобхонаи илмӣ мавҷуданд.

Самтҳои асосии фаъолияти илмии институт аз инҳо иборатанд: фалсафа, сиёсат, диншиносӣ, фарҳангшиносӣ, сотсиология, давлат ва ҳуқуқ.

Ҳоло дар институт 145 нафар кор мекунанд, аз ҷумла 1 академики АИ ҶТ, 3 аъзои вобастаи АИ ҶТ, 28 доктор ва 40 номзади илм мебошанд.[5]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]