Jump to content

Ислом Каримов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ислом Каримов
ӯзбекӣ: Islom Abdug‘aniyevich Karimov
Ислом Абдуғаниевич Каримов
24 марти 1990 — 2 сентябри 2016
Пешгузашта вазифа таъсис ёфтаааст
Ҷонишин Неъматулло Юлдошев (и.в.)
Шавкат Мирзиёев
парчам
1-умин Раиси Ҳукумати Ӯзбекистон ҳамчун Президенти Ӯзбекистон
1 ноябри 1990 — 13 январи 1992
Пешгузашта Шукурулло Мирсаидов (раиси Совети Вазирони ҶШС Ӯзбекистон)
Ҷонишин Абдуҳошим Муталов (сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон)
парчам
14-умин Котиби якуми КМ ҲК Ӯзбекистон
23 июни 1989 — 14 сентябри 1991
Пешгузашта Рафиқ Нишонов
Ҷонишин вазифаи барҳам хурдааст
парчам
14-умин Котиби аввали кумитаи вилоятии ҲК Қашқадарёи Ӯзбекистон
27 декабри 1986 — 27 июли 1989
Пешгузашта Нармумин Турапов
Ҷонишин Алихан Атаҷанов
парчам
14-умин Вазири молияи ҶШС Ӯзбекистон
1983 — 1986

Таваллуд 30 январ 1938(1938-01-30)[1][2][3][…]
Даргузашт 2 сентябр 2016(2016-09-02)[4][1][2][…] (78 сол)
Мадфан Шоҳи Зинда, Самарқанд
Падар Абдуғанӣ Каримов
Модар Санобар Каримова
Ҳамсар Татяна Акбаровна Каримова
Фарзандон Гулнора ва Лола
Ҳизб ҲКИШ (1964—1991);
Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон;
Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон
Таҳсилот
Дараҷаи илмӣ номзади илмҳои иқтисод
Касб муҳандис-механик, иқтисоддон
Фаъолият сиёсатмадор
Эътиқод ислом, суннӣ
Соядаст
Ҷоизаҳо
Вебгоҳ fondkarimov.uz
Навъи артиш Armed Forces of the Republic of Uzbekistan[d]
Набардҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ислом Каримов (ӯзбекӣ: Islom Abdug‘aniyevich Karimov; Ислом Абдуғаниевич Каримов; 30 январи соли 1938, Самарқанд) — ходими давлатӣ ва сиёсии шӯравӣ, баъдан Ӯзбекистон, аввалин президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз замони ба даст овардани истиқлол дар соли 1991; дар солҳои 1990—1992 — сардори ҳукумати Ӯзбекистон. Дар замони шӯравӣ (1989—1991) Котиби якуми Ҳизби Коммунистии ҶШС Ӯзбекистон буд.


Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ислом Абдуғаниевич Каримов 30 январи соли 1938 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Миллаташ — ӯзбек (мувофиқи маълумотҳои дигар падараш ӯзбек, ё ин ки аз миллати эронӣ мебошад, модараш Санобар тоҷик аст. [5][6][7][8][9]). Маълумоташ — олӣ. Донишкадаи политехникии Осиёи Миёна ва Донишкадаи кишоварзии Тошкандро хатм карда, ихтисоси муҳандис-механик ва иқтисодчиро гирифтааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад. Фаъолияти кориашро соли 1960 дар заводи мошинсозии хоҷагии қишлоқи Тошканд оғоз намудааст. Солҳои 1961—1966 ҳамчун муҳандис, муҳандис — конструктори пешбари Иттиҳодияи истеҳсолии авиатсионии Тошканд ба номи В. П. Чкалов кор кардааст. Соли 1966 барои кор ба Кумитаи давлатии банақшагирии (Госплан) ҶШС Ӯзбекистон гузашта, аз вазифаи сармутахассис то ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии банақшагирии ҶШС Ӯзбекистон расид. Соли 1983 Ислом Каримов Вазири молияи ҶШС Ӯзбекистон, соли 1986 муовини раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Ӯзбекистон, раиси Кумитаи давлатии банақшагирии ҶШС Ӯзбекистон таъйин шуд. Солҳои 1986—1989 котиби аввали кумитаи ҳизби вилояти Қашқадарё буд. Аз моҳи июни соли 1989 котиби аввали Кумитаи Марказии ҳизби коммунистии Ӯзбекистон таъйин гардид. 24 марти соли 1990 дар иҷлосияи Шӯрои Олии ҶШС Ӯзбекистон Ислом Каримов Президенти ҶШС Ӯзбекистон интихоб шуд. 31 августи соли 1991 Ислом Каримов истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро эълон кард. 29 декабри соли 1991 дар интихоботи умумихалқӣ, ки дар асоси алтернативӣ гузашт, Ислом Каримов Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб гардид. 26 марти соли 1995 мувофиқи натиҷаҳои раъйпурсии умумихалқӣ муҳлати ваколати Президентии Ислом Каримов то соли 2000-ум дароз карда шуд. Соли 2000-ум ки дар пояи алтернативӣ гузашт, бино бар натиҷаи он мувофиқи таъғиротҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон воридгардида, Ислом Каримов ба муҳлати 7 сол Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб шуд. Соли 2007 дар интихоботи умумихалқӣ, ки дар пояи алтернативӣ гузашт, Ислом Каримов бори дигар Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб гардид.[10]

Ҳаёти оилавӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ислом Каримов баъди як соли омаданаш ба кор дар Кумитаи давлатии банақшагирии ҶШС Ӯзбекистон дар соли 1967 бо корманди Инситути иқтисодии Академияи улуми ин кишвар — Татяна Акбаровна издивоҷ кард[11]. Онҳо соҳиби ду духтар — Гулнора ва Лола шуданд.

Ҳоло ӯ соҳиби ду духтар ва панҷ набера аст, ҳамсараш Т. А. Каримова бино бар маълумоташ иқтисоддон мебошад, номзади илмҳои иқтисодист, дар Донишкадаи иқтисодии Академияи улуми Ӯзбекистон ба сифати ходими калони илмӣ кор кардааст, ҳоло — нафақахӯр.


Ислом Каримов барои саҳми бузургаш дар кори таъсис додани Ҷумҳурии Ӯзбекистони соҳибихтиёру соҳибистиқлол, ташкили давлати инсонпарвари ҳуқуқбунёди демократӣ, таъмин намудани осоиши шаҳрвандӣ ва ҳамдилии миллӣ ва дар ин бобат зоҳир кардани устувориву шуҷоат ба унвони «Қаҳрамони Ӯзбекистон» ва бо орденҳои «Мустақиллик» ва «Амир Темур» мукофотонида шудааст. Инчунин, хидматҳои ӯ бо унвонҳои ифтихорӣ, ордену медалҳои як қатор давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи байналҳалқӣ қадр гардидааст. Ислом Каримов узви пайвастаи Академияи илмҳои Ӯзбекистон мебошад. Барои саҳми бузургаш дар рушди иқтисодиёт, илм, таълим доктори ифтихории чандин донишгоҳҳо ва академики академияҳои улуми бисёр давлатҳои хориҷӣ интихоб шудааст.

Беморӣ ва марг

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шоми 2 сентябри соли 2016 Ҳукумати Ӯзбекистон расман марги Ислом Каримовро тасдиқ кард.[12] Дар мамлакат се рӯз мотами миллӣ эълон гардид. Маросими бахоксупории раиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон 3 сентябри соли 2016 дар зодгоҳаш шаҳри Самарқанд баргузор гардид.[13]

Инҷоро ҳам бингаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • 2 сентябри соли 2016 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми бародари Ӯзбекистон барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

«Дар Тоҷикистон хабари талафоти вазнину ҷуброннопазири мардуми дӯсти ӯзбек-вафоти бемаҳали Ислом Абдуғаниевич Каримовро, ки барои ҳамаи мо хеле гиромӣ буд, бо эҳсоси андуҳи амиқ дарёфтанд. Ислом Абдуғаниевич ҳамчун ходими барҷастаи давлатие, ки аз бисёр ҷиҳат хислату мазмуни як давраи томи таърихиро дар рушди мамлакаташ пас аз соҳиб гаштан ба истиқлоли давлатӣ муайян кардааст, абадан дар таърихи мардуми ӯзбек сабти ном шуд. Ба шарофати фарзонагӣ ва дурандешиаш ӯ эътирофи умум гашта, ба ҳайси сиёсатмадори фарохмиқёс берун аз марзҳои кишвари худ низ соҳиби обрӯи шоиста гашта буд. Хотираи нек дар бораи ӯ ҳамеша дар қалбҳои мо мондагор хоҳад буд. Дар ин лаҳзаҳои мотам мо таъзияву ҳамдардии самимии худро ба мардуми бародари ӯзбек, ба ҳамаи пайвандону наздикони Ислом Абдуғаниевич изҳор медорем».[14]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 http://www.nytimes.com/2016/09/03/world/asia/uzbekistan-islam-karimov-obituary.html
  2. 2.0 2.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  3. Proleksis enciklopedija, Opća i nacionalna enciklopedija (хорв.) — 2009.
  4. https://www.whitehouse.gov/the-press-office/2016/09/02/statement-president-death-president-islom-karimov-uzbekistan-0
  5. David Seddon. A political and economic dictionary of the Middle East. — Taylor & Francis, 2004. — С. 363. — ISBN 1857432126, 9781857432121. Islam Karimov. President of Uzbekistan since 1990. Born on 30 January 1938 in the southern city of Samarkand to a Tajik mother and an Uzbek father, Karimov lost both his parents at a young age grew up in an orphanage.
  6. КАРИМОВ Ислам Абдуганиевич Президент Республики Узбекистан(рус.)
  7. Leokadia Drobizheva, Rose Gottemoeller, Catherine McArdle Kelleher. Ethnic conflict in the post-Soviet world: case studies and analysis. — M.E. Sharpe, 1998. — С. 282. — ISBN 1563247410, 9781563247415. As with many Samarkand «Uzbeks», Karimov has Tajik blood as well, and it is said that his mouther was Tajik.
  8. Micah D. Halpern. Thugs: How History's Most Notorious Despots Transformed the World Through Terror, Tyranny, and Mass Murder. — Thomas Nelson Inc, 2007. — С. 310. — ISBN 1595550739, 9781595550736. He was born of an Uzbek father and a Tajik mouther and raised in a Soviet-run orphanage.
  9. Военно-исторический архив, Выпуски 109-112. — Издательский дом "Грааль", 2009. — С. 20. КАРИМОВ ИСЛАМ АБДУГАНИЕВИЧ (р. 1938 г.), государственный деятель Узбекистана, президент страны с 1991 г. Родился 30 января 1938 г. в Самарканде (Узбекистан). Отец Абдугани, узбек по национальности (по другим данным — иранец), работал служащим; мать Санобар, таджичка, была домохозяйкой.
  10. Овози Самарқанд. 14-уми марти соли 2015, шанбе, № 22 (2426)
  11. Ислом Каримов: «Ятим»-е, ки диктатор шуд // Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 26.03.2015 11:19
  12. Правительственный портал Республики Узбекистан
  13. Узбекистан без Ислама Каримова // Коммерсантъ. — 2 сентября 2016, 19:57.
  14. Барқияи тасаллият ба мардуми бародари Ӯзбекистон(пайванди дастнорас)