Ихтиозаврҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ихтиозаврҳо - (Ichthyopterygia), зерсинфи хазандаҳои мурдарафтаи давраи мезозой; дар давраи юра бештра паҳн шуда буданд. Ихтиозаврҳо як гурӯҳ (Ichthyosauria) доштанд. Ихтиозаврҳо даррандаҳои калон (то 12 м) ва аҷдодонашон ҳайвонҳои хушкигард буданд. Минбаъд Ихтиозаврҳо барои дар об ҳаёт гузаронидан мутобиқ гашта, сохти худро тағйир дода, танаи онҳо моҳишакл, нӯлашон дароз, гарданашон нест шуда, дасту пояшон ба болҳои шиноварӣ табдил ёфт.