Каду
Аз Википедиа
Каду (Cucurbita) - ҷинси гиёҳҳои як ё бисёрсолаи полизӣ аз оилаи кадуиҳо (Cucurbitaceae); зироати маъмул. Поя, яъне палакаш дароз, баргаш соддаи яклухт ё панҷашакл, гулаш калон (диаметраш аз 6-30 см), гуногуншакл, зард, норанҷӣ, ҳосилаш калон. Дар дунё 15 намуди каду меруяд. Асосан 3 намудашро мекоранд:
- Гаҳворакаду (Cucurbita maxima)
- Палавкаду (Cucurbita moschata)
- Ошкаду ё чӯбкаду (Cucurbita pepo)