Jump to content

Камерон Диаз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Камерон Диаз
англ. Cameron Diaz
Сурат
Ном ҳангоми таваллуд англ. Cameron Michelle Diaz
Таърихи таваллуд 30 август 1972(1972-08-30)[1][2][3][…] (52 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша бозигари синамо, ҳунарпеша, мудел, садопеша, ҳунарпешаи телевизион, таҳиякунандаи филм, таҳиякунандаи иҷроӣ, нависандаи ғайридостонӣ, таҳиякунандаи телевизиюнӣ, мудели муд
Падар Emilio Diaz[d]
Ҳамсар Benji Madden[d]
Фарзанд Raddix Madden[d]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Кэмерон Диаз (англисӣ: Cameron Michelle Diaz) — ҳунарпешаи синамои ИМА.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Кэмерон Диаз (англисӣ: Cameron Michelle Diaz) 30 августи соли 1972 дар шаҳри Сан Диего, иёлати Калифорнияи ИМА ба дунё омадааст ва дар ин ҷо даврони кӯдакии ӯ гузаштааст. Волидайни ӯ намояндагони миллатҳои гуногун буданд: падараш-мексикоие, ки волидайнаш ба ИМА муҳоҷират кардаанд, модараш – низ олмоние, ки ба Амрико кӯчида омада буд.

Дар даврони кӯдакӣ Кэмерон ва хоҳари калонии ӯ духтарони авбошнамо буданд: онҳо мусиқии ғайримаъмул гӯш мекарданд, бо бачагони маҳаллӣ бозӣ мекарданд, дашном медоданд ва бо ҳар кас тайёр буданд мушт ба гиребон шаванд. Модараш иштиёқи духтарашро ба мусиқӣ мефаҳмид ва бо ҳамроҳии ӯ ба консертҳои Ван Ҳален, Металлика ва Оззи Озборн мерафт. Дар он айём Кэмерон орзуи ҳунарпеша ё модел шудан надошт – он вақт ӯ мехост ҳайвоншинос шавад. Дар хонаи онҳо ҳайвоноти бисёре буданд: гурбаҳо, сагҳо, парандагон ва ҳатто мушҳову ду мор. Вале амри тақдир дигар буд: замоне, ки Диаз 16 сола буд, дар яке аз шабнишиниҳо ӯ бо суратгир Ҷеф Дюнасс шинос шуд, ки ӯ Кэмеронро ба кор ба оҷонсии моделии "Элит" /Elite Model Management/ даъват кард.

Баъд аз бастани шартнома, Кэмерон дар рекламаҳо иштирок мекард, симои зебои ӯ муқоваи нашрияҳои гуногунро оро медод, дар як рӯз ӯ то 2 ҳазор доллар кор мекард. Баъд аз хатми мактаб, Диаз ба Ҷопон барои кор рафт ва дар он ҷо видеопродюсер Карлос де ла Торреро вохӯрд. Онҳо дар давоми панҷ сол ҳамроҳ буданд. Дар муддати чанд соли минбаъда, Кэмерон дар чандин гӯшаву канори олам дар соҳаи реклама бо ширкатҳои калон кор кард.

Ба синамо рӯй овардани Диаз тамоман ногаҳонӣ буд. Боре Кэмерон тасодуфан сенарияи филми "Ниқоб" /The Mask, 1994/, ки дар рӯи мизи менеҷераш хобида буд, мебинад. Ҳарчанд ки ӯ ягон маҳорати ҳунарпешагӣ надошт, вай қарор дод, ки бикӯшад, то ин нақшро ба даст оварад. Баъд аз 12 санҷиш, Кэмеронро пазируфтанд. Ин филм, ки дар он нақши асосиро Ҷим Керрӣ бозӣ мекард, хеле машҳур гардид ва Кэмеронро чун ситораи наве дар осмони синамо шинохтанд ва ба ӯ ҷоизаи беҳтарин ҳунарпешаи ҷавони солро доданд. Баъд аз ин Диаз ба омӯзиш машғул шуд, то чун ҳунарманди касбӣ шинохта шавад. Се соли дигар ӯ дар филмҳои камхарҷ, аз қабили The Last Supper, Feeling Minnesota ва She's The One нақшҳо офарид. Дар вақти ба наворгирии филми Feeling Minnesota, 1996 Кэмерон бо ҳунарпеша Мэт Дилан шинос шуд ва онҳо муддате ишқварзӣ ҳам карданд.

Шӯҳрати ҳунарпеша пас аз баромадани филми "Тӯйи арӯсии дӯсти беҳтарини ман" /My Best Friend's Wedding, 1997/ афзуд, ки дар ин ҷо ӯ бо ҳамроҳии ситорае ба мисли Ҷулия Робертс нақш офарида буд. Вале дар филм Диаз ҳанӯз дар нақши "дуюмдараҷа" буд. Вазъият баъд аз баромадани филми "Чизе дар бораи Мэри" /There's something about Mary, 1998/ ба пуррагӣ дигар шуд. Ин филми мазҳакавӣ маъмултарин мазҳакаи сол ва қариб беҳтарин филми дӯстдоштаи амрикоиён дар он замон гардид. Сафи мухлисони Кэмерон, ки дар он нақши асосиро бозӣ карда буд, садҳо маротиба афзуд.

Ҳарчанд ки Диаз ҳунарпешаи машҳур аст, ӯ худнамоӣ намекунад - ӯ дар хонаи одӣ зиндагӣ мекунад, либосҳои ба худаш маъқулро мепӯшад ва барои харид ба мағозаи наздиктарин меравад.

Аз нақшҳои охирини Кэмерон филмҳои "Фариштаҳои Чарлӣ" ва филми машҳури "Осмони ванилӣ", ки барои иштирок дар он Диаз ҷоизаи "Глобуси тилоӣ"-ро чун беҳтарин ҳунарпеша дар нақши дуюмдараҷа гирифт, бояд қайд намуд. Ғайр аз ин, соли 2001 ҳунарпеша дар филми тасвирии машҳуртарини он сол - "Шрек" иштирок кард, ки дар он ӯ овози шоҳдухтар шуда буд. Баъд аз он қисми дуюми "Шрек" баромад. Барои иштирокаш дар ду қисми "Шрек" Кэмерон 10 миллион доллари ИМА кор кард.

Корҳои ояндаи Диаз нақше дар филми Нэнсӣ Мейер “Ид” дар соли 2006 ва "Шрек - 3", дар соли 2007 мебошанд.

Инҷоро ҳам бингаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи