Кашф-ул-автор (асар)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Унсури холии Викидода

"Кашф-ул-автор" (с. таълим тахминан 1570-1572, Ҳиндустон, форсӣ, настаълиқи хоно, мансуб ба Қосим ибни Дӯсталии Бухороӣ, захираҳои хаттии китобхонаи Солорҷанг, Ҳиндустон), аз таълифоти муҳими назариявии мусиқӣ, ки ба номи Акбар (1556-1605) мусиқидон, мутриб ва шоири бухороиасл Дӯсталӣ навиштааст. Дар муқаддима ва бобҳои "Кашф-ул-автор" зикр шудааст, ки баробари тавсифу баррасии таркиботи назарии мусиққ (шарҳи мусиқm, савт, нағма, созҳо), маҷмӯи 12-мақом, 6-овоза, 24-шӯъба, равиши истихроҷи ҳар яке аз ин таркиботи мусиқии устодона, шарҳе ба "Рисолаи дувоздаҳмақом"-и Дарвеш Ҳайдари Тӯтиёнӣ (ба номи Ҳумоюн 1530-1556 таълиф карда) дар ҷараёни таҳқиқ ба қалам овардааст. Зимни ин дар "Кашф-ул-автор" масоили ҳамоҳангии шеъру мусиқӣ, робитаи мусиқии аҷамӣ ва ҳиндӣ (дар мисоли 12-мақом, рогҳо), саҳми устодон дар ташаккул, рушди шаклу анвои мусиқии аҷамӣ, ҳиндӣ, таъсири бадеӣ, ахлоқӣ, зебоишиносии созу овоз аз дидгоҳи тоза ба риштаи таҳрир омадаанд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Дӯсталии Бухороӣ, Кашф-ул-автор, (Феҳрис-ти нусхаҳои хаттии мусиқии Ҳинд, 193); Шуур А. Мероси мусиқии ҳиндӣ ба забони дарӣ, Торонто, 2004; Номномаи мусиқии Эронзамин, Теҳрон, 1376.[1]

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 97 ISBN 978-99947-49-13-3