Леон Эдвард Панетта
Аз Википедиа
| Leon Edward Panetta Леон Эдвард Панетта |
|
|---|---|
| Зодрӯз | 28 июни соли 1938 Монтерей, ИМА |
| Вазифа | вазири мудофиаи ИМА |
Леон Эдвард Панетта - (инглисӣ: Leon Edward Panetta; тав. 28 июни соли 1938, Монтерей, ИМА) — сиёсатмадори амрикоӣ, ҳуқуқшинос, профессор, вазири мудофиаи ИМА аз 1 июли соли 2011, қаблан сарвари Идораи мухобироти марказии ИМА аз 13 феврали соли 2009 то 30 июни соли 2011 буд. Собиқ сарвари мудирияти Кохи Сафед дар замони президент Билл Клинтон (1994—1997). Инчунин сарвари Донишкадаи сиёсати ҷамъиятии Леона ва Силвия Панетта буд. Дар солҳои 1977—1993 узви Палатаи намояндагони Конгресси ИМА аз Калифорния буд. Дар солҳои 1970—1971 ёвари мири Ню-Йорк буд, дар солҳои 1969—1970 сардори идораи муҳофизаи ҳуқуқи шаҳрвандон дар назди вазорати тандурустӣ, маориф ва амнияти иҷтимоии ИМА буд.