Мавзолей

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ба ин мақола дигар саҳифаҳои мақолаҳои Википедиа пайваст нестанд.
Лутфан, аз ҷустуҷӯ истифода баред ва пайвандеро аз рӯи қоидаҳои кабулшуда гузоред.
Мавзолей

Мавзолей (бо забони лотини Mausoleum аз калимаи юнонӣ Mausoleion гирифта шуда маънояш-қабр, сағона), оромгоҳи боҳашамат. Аз мадфани шоҳи Кария-Мавсол (вафоташ миёнаи асри 4 то мелод) ном гирифтааст. Мавзолейҳо аввал дар Рими Қадим ва баъдтар (асрҳои миёна) дар Шарқ низ бо андаке тағйири шаклу мазмун роиҷ гаштанд. Тоҷмаҳал дар шаҳри Аграи Ҳиндустон, Гӯри Мир дар Самарқанд ва ғайра. Дар меъмории ҳозиразамон шакли нави Мавзолей ба вуҷуд омад:ба он минбар илова шуда, вазифаи ҷамъияти гирифт (Мавзолейи Владимир Ильич Ленин дар Москва; Мавзолейи Г. М Димитров дар София; соли 1949, меъморон Г. Овчаров ва Р. Рибаров; Мавзолейи Сухэ-Батор ва Чойбалсан дар Улан-Батор, солҳои 50, меъморон Б. С. Мезенцев, Чимад ва ғайраҳо).