Мансур Акрамов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мансур Акрамов
Таърихи таваллуд 1887(1887)
Зодгоҳ Хуҷанд
Таърихи даргузашт 1943(1943)
Маҳалли даргузашт Коми

Мансур Акрамов (1887, Хуҷанд1943, Ҷумҳурии Мухтори Коми) — аз муборизон ва фаъолони барқароркунии Ҳокимияти Советӣ ва сохти колхозӣ дар шимоли Тоҷикистон.

Солҳои фаъолият[вироиш | вироиши манбаъ]

Фармондеҳи гурӯҳи ихтиёриёни Армияи Сурх (1922 – 1924), сипас сардори шуъбаи милитсияи шаҳри Хуҷанд (1925 – 1926), муовини раиси ширкати саноатии Хуҷанд ва раиси шуъбаи милитсияи ш. Исфара (1927 – 28), муовини раиси Комитети иҷроияи шаҳри Хуҷанд (1928 – 30), раиси колхози ба номи Сатторови ноҳияи Нов (1931 – 34), раиси колхози ба номи Ворошилови ноҳияи Сталинобод, муовини Комитети иҷроияи ноҳияи Сталинобод (1934 – 37). Бо орденҳои "Ситораи Сурх" ва «Нишони фахрӣ» ва бо аслиҳаи ёдбудӣ сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]