Маркази исмоилияи Душанбе

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Масҷид
Маркази исмоилияи Душанбе
Кишвар
Сабки меъморӣ Меъмории исломӣ
Вебгоҳ the.ismaili/ismailicentr…

Маркази исмоилияи Душанбе — маркази масоили мазҳабӣ ва фарҳангии исмоилиёни Тоҷикистон.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Сохтмони Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе соли 2003 оғоз[1] ва 12 октябри соли 2009 бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шоҳзода Карим Оғохони IV расман ифтитоҳ шуд.

Ин панҷумин маркази исмоилия дар саросари ҷаҳон ва нахустин марказ дар Осиёи Марказӣ аст. Қаблан чунин марказҳо дар Британияи Кабир, Конодо, Португалия ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ сохта шудаанд.

Ҳадафи марказ[вироиш | вироиши манбаъ]

Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе натанҳо ҷойи ибодат, балки маркази фарҳангие низ мебошад, ки ба наздикшавӣ ва муколама байни фарҳангҳои гуногун ва дину мазҳабҳо мусоидат менамояд.

Танҳо ҷамоатхона бинои хос динист, ки дар он пайравони мазҳаби исмоилия барои ибодат меоянд. Рӯзҳои шанбе ва якшанбе дарҳои марказ барои ҳамаи хоҳишмандон боз аст: аз соати 9 то соати 12 барои шахсони хоҳишманд экскурсия гузаронида мешавад.

Ҳадафи марказ андеша ва намояндагӣ аз дарки ақлонӣ ва рӯҳонии ислом аз тарафи ҷамоати исмоилӣ, уҳдадориҳои иҷтимоии он, низому тартиби он, муносибатҳои мусбии он бо ҷамоатҳое, ки дӯшодуш бо исмоилиён зиндагӣ доранд.

Дар маросими гузошта шудани хишти аввали марказ (30 августи 2003) Шоҳзода Карим Оғохон иброз дошта буд: «Умеди ман ин аст, ки ин Марказ ба ҷаҳониён ёдрас мекунад: суннатҳои маънавӣ ва омӯзишии Осиёи Марказӣ ба тамаддунҳои атрофи худ таъсири мудом ва мусбат доштанд, ҳарчанд, мутаассифона, он маъмулан сарфи назар ё нодуруст фаҳмида мешавад». Ҳузури ҳамешагии ҷамоати исмоилӣ рамзи ҳамбастагии ҷанбаи рӯҳоният ва дунявият, ҷойгоҳ барои доир намудани тадбирҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, мазҳабӣ-маросимӣ, вохӯриҳои зеҳнӣ ва ҷустуҷӯҳои маърифати рӯҳонӣ мебошад.

Сохтмон[вироиш | вироиши манбаъ]

Тарҳи бинои Маркази исмоилия бар асоси ёдгориҳои бузурги таърихии минтақа, омезиши ҳунари меъморӣ бо бисёр ҷанбаҳои ҳунармандии исломӣ, истифодаи баъзе суннатҳои мазҳабӣ дар сохтору банду басти бино бунёд гардида, он яке аз биноҳои зеботарини Душанбе ба шумор меравад.

Майдони Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе 16 гектар ва бинои марказ 3 гектарро фаро мегирад. Барои бунёди деворҳои марказ аз Самарқанд 3 миллион дона хишт оварда шуд. Дохили бино ба аз 4 бахш – маъмурӣ, иҷтимоӣ, барои ҷавонон ва маърифатӣ бо китобхона иборат аст[2].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Официальная регистрация исмаилитского центра в Душанбе. Радио «Свобода»(пайванди дастнорас — таърих) (31 марти 2012). 12 октябри 2020 санҷида шуд.
  2. Таҳмина Охонвалиева. Гузориши тасвирӣ аз Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе. asiaplustj.info. ASIA-Plus (15 октябри 2018). 11 Декабри 2023 санҷида шуд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]