Матлубхон Давлатов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Матлубхон Давлатов
Таваллуд 17 январ 1950(1950-01-17) (74 сол)

Матлубхон Давлатов (17 январи 1950, ноҳияи Данғара, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — ходими давлатӣ, муовини аввали сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Матлубхон Давлатов 17 январи соли 1950 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст.

Соли 1970 факултети иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Номзади илми иқтисод. Солҳои 1972—1983 корманди хурди илмӣ, аспирант, корманди калони илмӣ, мудири сектори Донишкадаи иқтисодии Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Солҳои 1983—1988 котиби Партияи коммунистии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон.

Солҳои 1988—1990 корманди илмии Донишкадаи иқтисодии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон.

Соли 1994 раиси Кумитаи амволи давлатӣ.

Ҳамчунин, аз октябри соли 2001 ба ҳайси раиси комиссияи ҷумҳурӣ оид ба хусусигардонии амволи давлатӣ ва аз соли 2006 раиси Кумитаи давлатии назорати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз 31-уми январи соли 2006 ба ҳайси мушовири давлатии Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ.

Моҳи марти соли 2010 раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент таъйин гардид.

Аз 5 январи соли 2012 муовини аввали сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]