Махфират Ҳамроқулова
Таърихи таваллуд | 11 апрел 1955 (69 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | Душанбе, Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Гурӯҳ | Ансамбли «Гулшан» |
mahfirat.com |
Махфират Ҳамроқулова (11 апрели 1955, Душанбе) — овозхони эстрадаи тоҷик. Сарояндаи Дастаи эстрадии «Гулшан», Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1980).
Фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Вақте ӯ узви ансамбли эстрадии «Гулшан» гардид, ҳамагӣ дар синфи 8 мехонд. Чун медонист эстрада кайҳонест, ки фатҳаш заҳмат мехоҳад, ҳамвора машқ мекард. Тақлидро беморӣ ҳисобид ва суруди худро хонд. Ҳар таронааш бо рақс, табассум ва нигоҳҳои маънидор оро ёфта, дар дили сомеъон ҷо мегирифт, зеро аз садои дил, аз ҷӯшу хурӯши зиндагӣ иборат буд. «Дили манӣ», «Боз бигирям», «Фарёди ишқ», «Сурудам», «Расми оштӣ», «Баҳори лолазори ман», «Тоҷикистон», «Умед», «Соҳиби эъҷоз», «Гули шафтолу», «Лабханди май», «Чашми кӯҳ», «Шаби ошиқон», «Духтари дарё», «Паймон», «Бо ман ҳама баробар», «Хоҳаракам», «Арчаи мо», «Ташна», «Чашми шӯх» аз беҳтарин таронаҳояш мебошанд.
Муҳоҷират
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 90 бо хонаводааш ба Русия кучида, як чанд сари сол зиндагӣ мекунад. Сипас сафар ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико карда, дар ҳамон ҷо бо оилааш сукунат мекунад[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 11 апрел
- Зодагони соли 1955
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи мусиқидонон
- Мақолаҳои хурд дар бораи одамон
- Ҳунарпешагони хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон
- Ҳунарпешаи театр
- Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон