Мақбараи Хоҷа Самандари Тирмизӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мақбараи Хоҷа Самандари Тирмизӣ - дар канори шоҳроҳи Деҳнав-Тирмиз, вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон воқеъ аст. Дар рӯйи қабри Хоҷа Самандари Тирмизӣ–Хонақоӣ бунёд карда шудааст. Дар паҳлуи гӯристони ҳамном воқеъ аст. Қуббаи мақбараро бо ранги биринҷӣ оро дода, гунбазашро бо гач андова ва ба болои андова ранги кабуди равғанӣ молидаанд. Мазор дар болои таҳкурсии пешина дар охири садаи XX аз нав сохта шудааст. Деворҳои гӯрхона аз дарун бо гач андова карда, фарши он аз гил аст. Мақбара ҳамчун ёдгории меъморӣ дар муҳофнзати давлат аст.[1]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Аршавская З.А., Ретевеладзе Э.В., Ҳакимов З.А. Средневековые памятники Сурхандарьи. - Ташкент,1982.

Пайнавиштҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Донишномаи Ҳисор -Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 350