Маҳмуди Чалабӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳмуди Чалабӣ
Таърихи таваллуд асри XV
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1525 ё 1524
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ риёзиёт

Маҳмуд ибни Муҳаммади Чалабӣ (форсӣ: محمود بن محمد قاضی‌زاده رومی‎; асри XV, Самарқанд1525 ё 1524, Адирна) — риёзидон ва ахтаршиноси форс-тоҷик, набера ва шогирди Қозизодаи Румӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъд аз таназзули мактаби илмии Самарқанду монанди Алоуддини Қушчӣ ва диг. ба Туркия меравад ва дар он ҷо анъанаҳои олимони Самарқандро давом медиҳад. Аз Маҳмуди Чалабӣ осори гаронбаҳое боқӣ мондааст. Аз асарҳои ӯ «Дастуру-л-амал фӣ тасҳеҳи-л-ҷадвал» (Шарҳ ва ҷадвалҳои расадхонаи Самарқанд), ки ба забони тоҷикӣ навишта шудааст, дар китобхонаҳои Евро­па, аз ҷумла дар Париж (№ 171) ва Истамбул (№ 2697), «Шарҳу рисолату-л-фатҳия» (Шарҳ ба рисолаи астрономии Алоуддини Қушчӣ «Ри­солаи Фатҳия») дар китобхонаи Па­риж маҳфуз мебошанд. Як қатор асарҳои Маҳмуди Чалабӣ ба масъалаҳои муайян кардани самти Қибла оиданд. Мукаммалтарини онҳо «Рисола фӣ таҳқиқ самти-л-қибла» мебошад, ки дар китобхонаи Истамбул маҳфуз аст. Маҳмуди Чалабӣ дар риёзиёт ба ҳисоб кардани қимати функцияҳои тригоно­метрии кунҷҳо машғул шуда, қима­ти sin 1°-ро бо усули нав ҳисоб кард (то Маҳмуди Чалабӣ Алоуддини Қушчӣ қимати sin Г-ро ҳисоб карда буд), ки дар «Рисолату-л-ҷайби-л-номма» («Рисола дар бораи синусҳо») оварда шу­дааст. Рисолаи дигари Маҳмуди Чалабӣ, ки «Ри­сола фӣ-рубъи-л-муканта рот» («Рисола дар бораи чоряки муқантарот») ном дорад, аз ҳисобу китоби камонҳои кураи осмон баҳс мекунад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Маҳмуди Чалабӣ / А.Қурбонов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).