Мулло Эркаев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мулло Эркаев
Мулло Эркаев
Таърихи таваллуд 9 май 1910(1910-05-09)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 15 декабр 1996(1996-12-15) (86 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор КМ ҲК (б) Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ,
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер ДДОД ба номи Т. Шевченко
Ҷоизаҳо ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», ду ордени «Нишони фахр», медал ва ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон

Мулло Эркаев (тав. 09.05.1910, деҳаи Сайроби ноҳияи Бойсуни ҶШС Ӯзбекистон — 15.12.1996, шаҳри Душанбе), - олим, муаррихи маъруфи тоҷик, доктори илмҳои таърих (1964), профессор (1964), Муаллими Хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон (1964), академики Академияи педагогии ИҶШС (1967).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1929 Дорулмуаллимини шаҳри Тошканд ва соли 1939 факултети таърихи ДДОД ба номи Т. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1941–1949 лектор, мудири шуъба, ҷонишини мудири шуъбаи таблиғ ва ташвиқи КМ ҲК (б) Тоҷикистон, котиби Комитети ҳизбии вилоятҳои Душанбе ва Кӯлоб оид ба таблиғ ва ташвиқ, 1950–1975 мудири кафедраи таърихи ҲКИШ-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, буд. Солҳои 1975–1996 ҳамчун профессори кафедраи таърихи ҲКИШ-и ДДОД ба номи Т. Шевченко кор кардааст.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи беш аз 170 китобу рисола ва мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Таълифотҳояш масъалаҳои барпо намудани ҳокимияти шӯравӣ дар Тоҷикистон, таърихи ҷанги граждани дар Тоҷикистон, торумори босмачигарӣ дар Тоҷикистон фарогиранд. Бештар аз 50 нафар олимони тоҷик зери роҳбари ӯ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя кардаанд.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Барпо ва мустаҳкам кардани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон, Д., 1966;
  • Ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистон, Д., 1971;
  • Октябри Кабир ва азнавсозии социалию мадании деҳот, Д., 1982;
  • Коммунистическая организация в Таджикистане, Д., 1976;
  • Деҳқонони колхозӣ-бинокорони фаъоли сотсиализм, Д., 1976;
  • Таърихи ҷанги граждани дар Тоҷикистон, Д.,1984;
  • Торумори босмачигӣ дар Тоҷикистон, Д.,1985.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Бо ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат»,
  • ду ордени «Нишони фахрӣ»,
  • медал ва ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]