Мурувват Бачабеков

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мурувват Бачабеков

Мурувват Бачабеков (тав. 1 майи 1944, деҳаи Вотхут, ноҳияи Ванҷ) — устоди варзиш.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1968—1972 дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Солҳои 1962—1967 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1974—1992 ассистент ва муаллими калони кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Солҳои 1995—2008 ҳамчун директори меҳмонхонаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз соли 2008 то ба имрӯз муаллими калони кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ мебошад. Бо унвонҳои фахрии «Мураббии шоистаи ҶШС Тоҷикистон» (1975) ва «Корманди шоистаи ҶШС Тоҷикистон» (1987) сарфароз карда шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]