Мушаррафа Қосимова
| |
Таърихи таваллуд: | 19 декабр 1918 |
Зодгоҳ: | Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон |
Таърихи даргузашт | 1 апрел 2019 (100 сол) |
Маҳалли марг: | Душанбе |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Касб: | ҳунарпеша |
Самт: | ҳунарпешаи театр ва синамо |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 0441064 |
Мушаррафа Қосимова (19 декабри 1918, Самарқанд — 1 апрели 2019, Душанбе, Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1974). Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Мушаррафа Қосимова 19 декабри соли 1917, дар гузари Чорраҳаи шаҳри Самарқанд чашм ба олами ҳастӣ кушод. Падари Мушаррафа Қосимоваро Орифҷон Расулиро соли 1924 дар қатори дигар равшанфикрони тоҷик ба пойтахти Тоҷикистон — Душанбе фиристоданд. Соли 1930 падари Мушаррафа Қосимова оилаашро аз Самарқанд ба Душанбе овард. Мушаррафаи ҷавон дар он айём ба Омӯзишгоҳи тиббии Тошкент дохил шуда, пас аз марги падар дар соли 1937 маҷбуран омӯзишгоҳро партофта, ба назди хоҳару додаронаш бармегардад. Орифҷон Расулӣ дар он соли сиёҳи 1937, ки террори Сталин ба нуқтаи авҷаш расида буд, ҳамчун «душмани халқ» ба қатл расонда шуд.
Барои таъмини оила Мушаррафа бо кумаки яке аз хешонашон адиби маъруф Ғанӣ Абдулло ба Театри драмавии ба номи Лоҳутӣ ба кор даромад.
Мушаррафа Қосимова бо драманависи тоҷик Абдулғақ Усмонов издивоҷ кард. Аммо Абдулҳақ Усмонов соли 1942 дар сангарҳои Ҷанги бузурги ватанӣ ҷон бохт. Мушаррафа Қосимова соли 1946 ба ситораи машҳури театри тоҷик Муҳаммадҷон Қосимов хонадор шуд ва исми хонаводагиашро ба Қосимова иваз кард.[1] Мушаррафа Қосимова то поёни солҳои 80, беш аз 50 сол дар саҳнаи театри ба номи Лоҳутӣ ва аз соли 1989 дар театри «Гаҳвора» ҳунарнамоӣ кардааст. Собиқаи ӯ дар синамо аз соли 1956 оғоз мегирад.[2] М. Қосимова аз овони ҷавонӣ дар саҳнаи тоҷик ҳунарнамоӣ карда, бо намоишномаҳои театрӣ дар ноҳияву деҳаҳои Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекард ва доимо дар байни мардум буд. Тамоми умр, ӯ ҳамчун ҳунарпешаи Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ (1937—1983) ва аз соли 1989 — дар театра-студияи «Гаҳвора» ҳунарнамоӣ намудааст. Дар кинематографи тоҷик аз соли 1956 фаъолият намудааст.[3]
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Мушаррафа Қосимова шаби 1 апрели соли 2019 дар синни 101-солагӣ дар Душанбе даргузашт.[4][5]
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Мушаррафа Қосимова бештар чун иҷрокунандаи нақшҳои маишӣ дар саҳнаи театр шинохта шудааст. Аз офаридаҳои ӯ: Латофат («Тӯй»-и С. Ғанӣ, 1958), Баҳор («Ҳаёт ва ишқ»-и Ф. Ансорӣ, 1958), Занаки гӯл («Гавҳари шабчароғ»-и С. Улуғзода, 1962), Марианна («Қиссаи модар» дар асоси ҳикояҳои М. Горкий, ба саҳнагузоранда М. Қосимов, 1968), модар («Бе ватан»-и С. Сафаров, 1970), Чӯтуройим («Фармони кадушоҳ»-и А. Баҳорӣ, 1971), Бӯстонбибӣ («Ҷон модаракон»-и А. Қаҳҳор, 1972), Модаркалон («Хатро ман навишта будам»-и Ф. Ансорӣ, 1973), Ойша-апа («Қуллаи Фудзияма»-и Ч. Айтматов ва Қ. Муҳаммадҷонов, 1974), Фирӯза («Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ, 1954, 1957, 1977), Булбул («Хонашерони майдонғариб»-и Ғ. Абдулло, Шамсӣ Қиёмов, М. Рабиев, 1978), Фармонбибӣ («Исёни арӯсон»-и С. Аҳмадов, 1982). Дар чандин филмҳои киностудияи «Тоҷикфилм», аз ҷумла филмҳои «Дохунда», «Дӯсти ман Наврӯзов», «Нисо», «Вохӯри дар дара», «Дарду алами Авғонистон», «Бачагии Насриддин» ва ғ. нақш бозидааст. Бо гузашти солҳо, ҳунар ва образҳои офаридаи ҳунарманд низ тағйир ёфтаанд. Мушаррафа Қосимова оҳиста-оҳиста аз бозидани нақши духтарони шӯху шанг ба образҳои замони муосир ва созандаи замони нав гузашта, ҳамин тавр то маснади модару модаркалони саҳна расид.
Нақшҳои Модар аз намоиши «Беватан»-и Султон Сафаров(соли 1970), Бӯстонбибӣ аз намоиши «Ҷон модаракон»-и А. Қаҳҳор (соли 1972), Модаркалон аз асари «Номаро ман навиштаам»-и Файзулло Ансорӣ (соли 1973) ва Фармонбибӣ аз «Исёни арӯсон»-и С. Аҳмад (соли 1982) чун беҳтарин образҳои маишии саҳнаи тоҷик муаррифӣ мешаванд.
Ҳар ҳунармандро новобаста аз такопӯи зиёд офаридани як нақш миёни мардум машҳур месозад. Нақши момодоя Мушаррафа Қосимоваро аз филми «Марди мутаалиқи ду зан» дар дилу дидаи мардум ҷой намуд. Ин аст, ки чеҳраи нӯронӣ, мӯйҳои сафеди ба пешона хамида ва қомати андаке хамшудааш пеши чашм ҳамеша ҷилвагар асту лафзи ширадораш чун зангулаи зиндагӣ аз абадияту муҳаббат ёдрас менамояд. Нақши модари дар филми машҳури тоҷикии «Нисо» офаридааш низ аз ҳамин қабил образҳои ӯ ба шумор меравад.[6]
Дар бораи ҳунарпеша
[вироиш | вироиши манбаъ]"Модари ман дар театр Мушаррафа-ойтӣ ҳастанд, ки ба ман нозукиҳои касбро омӯхтаанд. Мушаррафа-ойтӣ ҳамеша беҳтарин маслиҳатгар, дӯст ва устоди ман ҳастанд. Ман хеле хушбахтам, ки аз нақшофариҳои якҷоя дар намоишҳои бешумор ва сафарҳои ҳунарӣ бо ин инсони наҷиб хотироти ғанӣ дорам.— ҳунарпешаи театр ва синамо Фотима Ғуломова
"Тамоми кормандони театри кишвар шуморо устод ва модари худ медонанд. "— вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода
Ба муносибати 101-солгарди зодрӯзи ин шахсияти бузург ва нотакрор китобе оид ба зиндагиномаи ӯ таҳти унвони «Модари саҳнаи тоҷик — Мушаррафа Қосимова» интишор ёфтааст.[7]
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1974),
- ордени Шараф (1999),
- медалҳои «Ба муносибати 100-солагии В. И. Ленин», «Барои меҳнати фидокорона», «Ветерани меҳнат»,
- Ифтихорномаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мукофотонида шудааст.[8]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ com/-p4577-96. htm МОДАРИ ТЕАТРИ ТОҶИК МУШАРРАФА ҚОСИМОВА 100-СОЛА ШУД!(пайванди дастнорас)
- ↑ ru/boygonii-navidho-mayi-s-2015 Сарнавишт ва истеъдод(пайванди дастнорас)
- ↑ tojikfilm. tj/index. php?option=com_content&view=article&id=545 %3A2014-07-03-11-55-42&catid=56 %3A2014-02-10-17-35-38&Itemid=218&lang=ru Касымова Мушарафа
- ↑ ozodi. org/a/29855985. html "Модари театри тоҷик" даргузашт. ВИДЕО(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 2 апрели 2019 санҷида шуд.
- ↑ Sputnik. com/Tajikistan/20190402/1028589602/Musharrafa-Qosimova-hunarpesha-maruf-tojik-darguzasht. html Мушаррафа Қосимова, ҳунарпешаи маъруфи тоҷик даргузашт(тоҷ.). sputnik-tj. com. 2 апрели 2019 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ bbc. co. uk/tajik/news/2013/12/131218_sq_mt_musharrafa_kosimova_theatre Мушаррафаи Қосим, бозигари нақши модар, 95-сола шуд
- ↑ tj/ Модари театри тоҷик Мушаррафа Қосимова дар 101-солагиаш ба китобаш соядаст менависад(тоҷ.). safina. tj. 2018-12-19. 21 Декабри 2018 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе, 1988. — С. 71. ISBN 978-99947-958-2-6
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мушаррафа Косимова/Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе,2012, — С. 112—113. — 396 с. — ISBN 978-99947-919-4-1
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 19 декабр
- Зодагони соли 1918
- Зодагони шаҳри Самарқанд
- Даргузаштагони 1 апрел
- Даргузаштагони соли 2019
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Дорандагони ордени Шараф
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Сарфарозшудагон бо медали «Ветерани меҳнат»
- Википедия:Мақолаҳои бесурат дар бораи синамогарон
- Ҳунарпешаи театр
- Ҳунарпешаҳои киностудияи “Тоҷикфилм”
- Ҳунарпешаи театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ
- Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон
- Ҳунарпешазанҳои театри Тоҷикистон
- Ҳунарпешазанони асри ХХ
- Ҳунарпешазанони асри ХХI