Jump to content

Муқаттаъа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Муқаттаа)
Arabic albayancalligraphy.svg
Алифбои арабӣ
Алиф Зод
Бо Ṫо (итқӣ)
Те Зо (изғӣ)
Се Айн
Ҷим Ғайн
Ҳо Фе
Хе Қоф
Дол ک Коф
Зол Лом
Ре Мим
Зе Нун
Син Ҳо
Шин Вов
Сод ی Йо
Ҳуруфоти иловагии форсӣ
پ Пе چ Чим
ژ Же گ Гоф
Аломатҳои иловагӣ
لا Лом-алиф Ҳамза
Алифи максура Веи арабӣ
Тои (марбута)

Викианбор Викииқтибос

Муқаттаа (ар. مقطعة‎ — «ҷудошуда [ҳарфҳо]») ё Фавотиҳ (ар. فواتح‎ — «кушоянда [ҳарфҳо]») — тарзҳои ҳарф, ки аз онҳо 29 сураи Қуръон оғоз мегиранд. Аз 28 ҳарфи алифбои арабӣ чордаҳтоаш ҳамчун муқаттаа баромад мекунанд, ягона ва ё бо тарзҳои гуногун аз ду, се, чор ё панҷ ҳарф.

Ҳарфҳои муқаттаа дар ибттидои баъзе сураҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Яке аз гӯшаҳои эъҷози балоғӣ ва хусусиятҳои назми (сабки) каломи илоҳи он аст, ки дар ибтидои баъзе сураҳои он ҳарфҳои алоҳидаи алифбо зикр гардидаанд. Ба таври умумӣ дар ибтидои бисту нуҳ сураи Қуръон — бисту шаш сураи маккӣ ва се сураи маданӣ — чаҳордаҳ ҳарф аз бисту ҳашт ҳарфи алифбои арабӣ омадаанд. Ин ҳарфҳо дар истилоҳи коршиносони илми тафсир "ҳарфҳои муқаттаа" (яъне бурида ва баргузидашуда аз бисту ҳашт ҳарфи алифбо) номида мешавад.

Бисту ҳашт ҳарфи алифбои забони арабӣ дар маҷмӯъ аз чаҳордаҳ шакл ба вуҷуд омадаанд. Яъне пеш аз марҳалаи нуқтагузорӣ ва шаклгирии ҳарфҳо дар алифбои арабӣ онҳо ба чаҳордаҳ шакл навишта мешуданд. Масалан ҳарфҳои ث ,ت ,ب ва ِي ба шакли ب (бо)-и бенуқта ва ҳарфҳои خ ,ح ва ج ба шакли ح навишта мешуд. Ба ин тартиб, тамоми ҳарфҳои алифбо шаклан дар ибтидои бисту нуҳ сураи Қуръон оварда шудаанд.[1]

Рӯйхати сураҳое, ки ҳарфҳои муқаттааро доранд

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳарфҳои муқаттаа дар се сура якҳарфа, дар нуҳ сура дуҳарфа, дар сездаҳ сура сеҳарфа, дар ду сура чорҳарфа ва дар ду сура панҷҳарфа омадаанд:

Номи сураҳо ар. Муқаттаа
1 Сураи Ал Бақара الم Алиф Лом Мим.
2 Сураи Оли Имрон الم Алиф Лом Мим
3 Сураи Ал Аъроф المص Алиф Лом Мим Сод
4 Сураи Юнус الر Алиф Лом Ро
5 Сураи Ҳуд الر Алиф Лом Ро
6 Сураи Юсуф الر Алиф Лом Ро
7 Сураи Ар Раъд المر Алиф Лом Мим Ро
8 Сураи Иброҳим الر Алиф Лом Ро
9 Сураи Ал Ҳиҷр الر Алиф Лом Ро
10 Сураи Марям كهيعص Коф Ҳо Йо Айн Сод
11 Сураи Тоҳо طه То Ҳо
12 Сураи Аш Шуъаро طسم То Син Мим
13 Сураи Ан Намл طس То Син
14 Сураи Ал Қасас طسم То Син Мим
15 Сураи Ал Анкабут الم Алиф Лом Мим
16 Сураи Ар Рум الم Алиф Лом Мим
17 Сураи Луқмон الم Алиф Лом Мим
18 Сураи Ас Саҷда الم Алиф Лом Мим
19 Сураи Ёсин يس Йо Син
20 Сураи Сод ص Сод
21 Сураи Ғофир حم Ҳо Мим
22 Сураи Фуссилат حم Ҳо Мим
23 Сураи Аш Шӯро حم
عسق
Ҳо Мим

Айн Син Қоф

24 Сураи Аз Зухруф حم Ҳо Мим
25 Сураи Ад Духон حم Ҳо Мим
26 Сураи Ал Ҷосия حم Ҳо Мим
27 Сураи Ал Аҳқоф حم Ҳо Мим
28 Сураи Қоф ق Қоф
29 Сураи Ал Қалам ن Нун

Дар баёни маонӣ ва мақсуди зикри ҳарфҳо на дар Қуръони карим ва на дар суннати Расули Худо (ﷺ) чизе наомадааст. Аз табақаи муфассирони саҳоба, ки бузургтарини онҳо дар илми тафсир даҳ нафар буданд, аз нуҳ нафари онҳо, умуман дар бораи ҳарфҳои муқаттаа чизе гуфта нашудааст. Танҳо аз Али (р) ва Ибни Масъуд (р) дар як мавриди он ҳарфҳо як ривоятӣ нақл шудааст. Дигар тамоми он чи, ки ба сурати баёни маонӣ ва ё тавҷеҳоти назарӣ дар бораи он ҳарфҳо ривоят шудааст, ҳама ба Ибни Аббос (р) бармегарданд.[2]

  1. Абдушарифи Боқизода. Тафсири навини Қуръони карим, ҷилди якум — Душанбе: «ЭР-граф», 2012. - с. 102-103.
  2. Абдушарифи Боқизода. Тафсири навини Қуръони карим, ҷилди якум — Душанбе: «ЭР-граф», 2012. - с. 104.
  • Massey, Keith. «A New Investigation into the „Mystery Letters“ of the Qur’an» in 'Arabica'. 1996
  • Islahi, Amin Ahsan. Taddabur-i-Quran. Faraan Foundation. 2004
Ҳарфҳои арабӣ дар алоҳидагӣ
ا ب ت ث ج ح خ د ذ ر ز س ش ص ض ط ظ ع غ ف ق ك ل م ن ه و ي
ТаърихХатАлифбо