Портал:Ислом
Портали Ислом
Ислом ((забони арабӣ الإسلام – Ислом ба худованд итоат кардан), яке аз динҳои якхудои дар рӯи ҷаҳон буда, дар асри 7 пеш аз мелод дар Хиджаз (дар ғарби Арабистон) пайдо шудааст. Одамони ба ин дин пайрави доштаро мусулмонон меноманд (аз калимаи муслим – вафодор аст). Ислом - аз ҳама дини тез паҳн шаванда ва дар ин рӯзҳо дар ҷаҳон яке аз бисёродамтарин динҳо ба ҳисоб меравад, ки ҳар як панҷум одами рӯи ҷаҳон ба ин дин эътиқод дорад. Ислом Муҳаммадро ягона фиристодаи Худо (Оллоҳ) меҳисобанд. бештар...
Мақолаи барҷаста
Моҳи Рамазон (аз арабӣ: رمضان) моҳи нӯҳуми Мусулмонон мебошад. Дар ин моҳ ҳамаи мусулмонон аз дамидани субҳ то фурӯ рафтани офтоб рӯза мегиранд. Ва баъди Азонро шунидан рӯзаҳояшонро мешикоянд. Дар Рамазон 5-чиз ҳаром мебошад.
- Дурӯғ гуфтан
- Қасами дурӯғ хӯрдан
- Ғайбат кардан
- Таъна задан
- Бахили кардан
Рамазон дар луғат ба маънои сӯзонанда омадааст, ки гуноҳи яксолаи бандагонро месӯзонад ва дар ин бора расули Худо мефармояд:
- Рамазон гуноҳонро месӯзонад ҳамчунон, ки оҳангар оҳанро месӯзонад ва ҳама чизҳои нодаркории ӯ месӯзад, ва рамазон ҳам гуноҳҳои шахси рӯзадорро месӯзонад ва пок месозад.
Дар ин ҷо як ҷизро тазаккур созанд,ки ин маънои онро надорад, ки шахси бе парво ёздаҳ моҳ гуноҳ ба ҷо оварад ба умеди он ки дар рамазон худро аз гуноҳ пок месозад, балки рамазон он гуноҳҳеро месӯзонад, ки шахси мусалмон надониста ва аз рӯи хато кардааст. бештар...
Акси барҷаста
Зиндагиномаи барҷаста
Оё шумо медонед...
Мавзӯҳои Ислом
Коре, ки Шумо метавонед кард
- Ба ВикиЛоиҳаи Ислом ҳамроҳ шавед ва ҳиссагузорӣ кунед.
- Мақолаҳои барҷаста ва аксҳоро пешниҳод кунед.
- Барои рушди Портали Ислом кӯмак кунед.