Муҳаммад Мурсӣ

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
محمد مرسى عيسى العياط
Муҳаммад Мурсӣ Иса Ел-Айят
Mohamed Morsi-05-2013.jpg
Зодрӯз 20 августи соли 1951
Зодгоҳ деҳаи Ел Адваҳ, Қоҳира, Миср
Вазифа раиси ҷумҳури Миср

Муҳаммад Мурсӣ Иса Ел-Айят (аз арабӣ: محمد مرسى عيسى العياط) (тав. 20 августи соли 1951) панҷумин ва кунунӣ раиси ҷумҳури Миср пас аз инқилоби 2011 Миср, раиси Ҳизби Озодӣ ва Адолат, як ҳизби таъсисшуда тавассути Ихвонул муслимин буд. Ӯ номзади ин ҳизб дар интихоботи райёсати ҷумҳурӣ 2012 буд ва пештар аз 2000 то 2005 намояндаи порлумон буд[1]. Артиши Миср шомгоҳи чаҳоршанбеи 3 июли 2013 Муҳаммад Мурсиро аз раёсати ҷумҳурӣ барканор кард ва эътибори Қонуни асосии он кишварро муваққатан боздошт. Абдулфаттоҳ Сийсӣ, фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Миср бо хондани баёнияе, тасмими артиш барои барканории Мурсӣ аз курсии раиси ҷумҳури Мисрро ба иттилои мардум расонд. Ин баёния пас аз поёни зарбулаҷали 48 соатаи артиш ба раёсати ҷумҳурӣ ва гуруҳҳои сиёсӣ барои дастёбӣ ба тавофуқе ба манзури поён додан ба буҳрони Миср содир шудааст.[2]

Таҳсилот[вироиш]

Ӯ унвонҳои бакалавр ва магистратураи муҳандиси фулузот (металлургия) худро аз Донишгоҳи Қоҳира(1978) ва доктори муҳофизат аз моторҳои фазопайморо аз Донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубӣ гирифтааст, ки пас аз пойён таҳсилот дар ин донишгоҳ низ ба тадрис машғул буд. Ӯ аз 1982 то 1985 устодёри Донишгоҳи Иёлати калифорния дар Нуртриҷ буд. дар ин сол устоди Донишгоҳи Зақозиқи Миср шуд. Ду то аз 5 фарзанди ӯ мутаваллиди Калифорния ва шаҳрванди Амрико ҳастанд.

Райёсати ҷумҳурӣ[вироиш]

Дар давраи дувум интихоботи райёсати ҷумҳурии Миср. ки таърихи 17 июни соли 2012 баргузор гардид, Муҳаммад Мурсӣ бар асоси омори расмӣ дар рақобат бо Ҷенерал Аҳмад Шафиқ пирӯзи интихобот гардид. Вай аввалин раиси ҷумҳур пас аз инқилоби 2011 Миср ва панҷумин раиси ҷумҳур таърихи ин кишвар аст.

Лағви ҳукми анҳоли парлумон[вироиш]

Дар таърихи 8 июли соли 2012 Муҳаммад Мурсӣ ҳукми анҳоли порлумонро лағв кард ва хостори баргузори ҷаласоти он шуд. Пеш аз ин Шӯрои Олии Низомӣ, маҷлиси Мисрро мунҳал карда буд.

Мамнӯъияти вориди атбои эронӣ ба Миср[вироиш]

Бар асоси дастури Мурсӣ вориди атбоъи эронӣ ба Миср мамнӯъ эълон шуд[3]

Барканории Мурсӣ[вироиш]

Артиши Миср шомгоҳи чаҳоршанбеи 3 июли 2013 Муҳаммад Мурсиро аз раёсати ҷумҳурӣ барканор кард ва эътибори Қонуни асосии он кишварро муваққатан боздошт.[4]

Манобеъ[вироиш]

  1. Аз Википедиаи Форсӣ http://fa.wikipedia.org/wiki/%D9%85%D8%AD%D9%85%D8%AF_%D9%85%D8%B1%D8%B3%DB%8C
  2. Барканории Мурсӣ. Идомаи "баҳори араб" ё кудатои низомӣ? - Озодӣ http://www.ozodi.org/content/article/25035973.html
  3. پایگاه خبری - تحلیلی قدس آنلاین - ممنوعیت ورود اتباع ایرانیوعراقی به مصر http://www.qudsonline.ir/NSite/FullStory/News/?Id=59449
  4. Барканории Мурсӣ. Идомаи "баҳори араб" ё кудатои низомӣ? - Озодӣ http://www.ozodi.org/content/article/25035973.html