Соли 2013

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Садаҳо: Садаи 20 (мелодӣ) - Садаи 21 (мелодӣ) - Садаи 22 (мелодӣ)
Даҳаҳо: Даҳаи 1980 (мелодӣ)   Даҳаи 1990 (мелодӣ)   Даҳаи 2000 (мелодӣ)   -
Даҳаи 2010 (мелодӣ) -  Даҳаи 2020 (мелодӣ)  Даҳаи 2030 (мелодӣ)  Даҳаи 2040 (мелодӣ)
Солҳо: 2010 2011 2012 - 2013 - 2014 2015 2016

2013 - аз рӯи тақвими григориянӣ рузи сешанбе сар шуд, соли 2013 давраи нав, 13-ум соли ҳазорсолаи 3-юм, 13-ум соли садсолаи 21-ум, 3-юм соли даҳсолаи дуюми садсолаи 21-ум, 3-юм соли солҳои 2010-ум.

Рост меояд ба солҳои зерин:

  • Соли 2556 дар тақивим Буддоиҳо.
  • Соли 102 дар Чучха (дар ҶХДК Корея).
  • 25 соли давраи Хэйсэй (дар Ҷопон).

Якум соли сеюм даҳсолаи асри XXI.

Воқеа[вироиш]

Феврал[вироиш]

  • 5 феврали соли 2013 - саршумории аҳолиии Тоҷикистон 8 000 700 танро ташкил намудааст, ки 79,9 дарсад аз онҳо тоҷик, 15 дарсад ӯзбак, 1,3 дарсад қирғиз, 1 дарсад русу укроинӣву тотору ғайра ҳастанд. Аз рӯи баҳодиҳии натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ – 7 млн. 952 ҳазор нафар мусулмон ва 48 ҳазор нафар намояндагони дигар динҳо (ғайримусулмон) мебошанд.[1]
  • 21 феврал - Рӯзи Байналмилалии забони модарӣ. Ин Рӯзи таърихӣ, соли 1999 аз ҷониби ЮНЕСКО таъсис дода шудааст. Нигаред:[2]

Март[вироиш]

  • 20 март- Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик ҷилди дуввуми китоби бисёрҷилдаи Энсиклопедияи миллии тоҷикро ба нашр расонд. Аз соли 2008 сар карда таълифу тадвини Энсиклопедияи миллии тоҷик, дар Тоҷикистон шурӯъ шудааст.[1]

Тибқи маълумоти расмӣ Наврӯз ҳоло дар 11 кишвари ҷаҳон ҷашни расмии миллӣ бо рӯзҳои истироҳат ба шумор меравад. Афғонистон - 21 март; Эрон - аз 20 то 23 март; Озарбойҷон - аз 20 то 26 март; Қазоқистон - аз 21 то 24 март; Туркманистон - аз 20 то 23 март; Қирғизистон ва Ӯзбакистон - 21 март; Албания (Рӯзи Баҳор) - аз 20 то 23 март; Косово - 21 март рӯзҳои истироҳат аст.[3]

Июн[вироиш]

  • 21 июн - Дар иҷлоси 37-уми Кумитаи Мероси Ҷаҳонии ЮНЕСКО дар шаҳри Пномпени Комбуҷ Боғи миллии Тоҷикистон (Кӯҳҳои Помир) ба Феҳристи Мероси Ҷаҳонии Идораи омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНЕСКО) шомил шуд.

[4]

Август[вироиш]

  • 29 август - Дар ҷамоати Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон бузургтарин корхонаи сементбарории Тоҷикистон, ки дар як сол 1 миллион тонна семент истеҳсол хоҳад кард, ба кор дароварда шуд.

[5]

Сентябр[вироиш]

  • 24 сентябр 6 ҳизби расмии Тоҷикистон барои ширкат дар интихоботи президентии Тоҷикистон [[2013}] номзади худро пешбарӣ намуданд, ҳизби ҳокими ҲХДТ ва ҲСДТ анҷуманҳои ҳизбии худро моҳи октябр баргузор мекунанд.Нигаред: [5]
  • 17 сентябр - дар шаҳри Хуҷанд кӯдакистони Президентӣ, ки барои 1000 нафар кӯдакони болаёқат пешбинӣ шудааст, ифтитоҳ ёфт. Кӯдакистон дар майдони 3 га бунёд ёфта аз ду бинои бузурги сеошёна ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Дар ҳавлии муассиса 46 майдончаи махсус барои бозӣ ва машғулиятҳои гуногуни кӯдакон омода гардида, ҳар як майдонча дорои бозичаҳо мебошад.Нигаред: [6]

Октябр[вироиш]

  • 1 октябр - Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нақби мошингарди Чормағзакро, ки дар масири Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб қарор дорад, расман ифтитоҳ намуда, мавриди истифодаи умум қарор дод.Нақби Чормағзак, ки қариб 4,5 км дарозӣ дорад. Дар солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон 31 км нақбҳои мошингард сохта мавриди истифода қарор гирифт.

[6]

Ноябр[вироиш]

  • 6 ноябр - Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи интихоботии 6 ноябри соли 2013 ғолиб дониста шуд. Ба ҷонибдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 83,6 фоиз, ба ҷонибдории номзадба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон Бухориев Толибек Аҳмадович 4,5 фоиз, ба ҷонибдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон Бобоев Олимҷон 3,8 фоиз, ба ҷонибдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Ғаффоров Абдуҳалим 1,5 фоиз, ба ҷонибдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Демократи Тоҷикистон Исмонов Саидҷаъфар 1 фоиз ва ба ҷонибдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Комунисти Тоҷикистон Талбаков Исмоил 5 фоиз овоз додаанд.

Мутобиқи маълумоти пешакии расмӣ шумораи умумии интихобкунандагон 4 миллиону 201 ҳазору 156 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 3 миллиону 640 ҳазору 56 нафар ё 86,6 фоиз дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, овози худро ба номзади дилхоҳи хеш додаанд. [7]

Чорабиниҳо ва воқеаҳои ба нақшагирифта шуда[вироиш]

Январь[вироиш]

Феврал[вироиш]

Март[вироиш]

Апрел[вироиш]

Май[вироиш]

Июн[вироиш]

Июл[вироиш]

Август[вироиш]

Сентябр[вироиш]

Октябр[вироиш]

Ноябр[вироиш]

Декабр[вироиш]

Бидуни рӯзҳои маълум[вироиш]

Вафот карданд[вироиш]


Эзоҳ[вироиш]

  1. http://ruzgor.tj/news/9484-insiklopedia-tajik.html
  2. Қонунҳо ва қарорҳо.Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  3. Сайри ҷаҳонии Наврӯз.//Ба қуллаҳои дониш.Нашрияи ДМТ. - 2013, № 6 (1333), 15 марти 2013
  4. http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/06/130621_mm_tajik_park_world_heritage.shtml
  5. http://khovar.tj/president/29350-iftito1203i-buzurgtarin-korhonai-sementbarorii-to1207ikiston.html
  6. http://khovar.tj/president/29884-ishtiroki-emomal1251-ra1203mon-dar-marosimi-iftito1203i-na1179bi-chorma1171zak.html
  7. 7 ноябр/АМИТ «Ховар»