Найзаандозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Найзаандозӣ, найзазанӣ, найзабозӣ

Яке аз намудҳои ҳарбӣ ва варзиши бостонии тоҷикон. Найзаро дар гузашта ҳам пиёда ва ҳам савора ба кор мебурданд. Дарозии найза 1,5-2 м буда, онро аз шохҳои рост ва сахти дарахтон месохтанд ва ба нўги он теғаи оҳанинро насб менамуданд. Найза инчунин яке аз олоти шикор ба шумор мерафт. Маҳорати баланди паҳлавони найзаандоз дар он зоҳир мешуд, ки ҷонварро дар шикор ва ё душманро дар майдони ҷанг бо як зарба афканад. Баъзе найзаандозони моҳир найзаро аз масофаи 60 м ба нишон мерасониданд. Найзаро инчунин савори асп, дар рўйи он хаму рост шуда, лаъбу ҳунарҳо намуда, ҳаво медоданд. Найзабозӣ яке аз намудҳои мусобиқаи варзишӣ дар ҷашнҳои арўсӣ, хатнасур ва иди Наврўз буд. Дар саросари кишвар дар ҳоли аз байнравӣ қарор дорад. [1]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

1. Андреев М.С. Таджики долины Хуф. Сталинобод. 1953.

2. Турсунов Н. Бозиҳои миллии тоҷикӣ. Д., 1983;

3. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.1. Д., 2015.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Манобеъ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 187