Насимҷон Ойев
Ойев Насимҷон Абдулмуминович | |
Таърихи таваллуд | 30 октябр 1977 (47 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Файзобод , ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | Бехатарии иқтисодӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои иқтисод (2011) |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1994-1999) |
Ҷоизаҳо | Аълочии маорифи Тоҷикистон (2007) |
Насимҷон Ойев (Ойев Насимҷон Абдулмуминович; 30 ноябри 1977, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон) — иқтисодшинос. Номзади илмҳои иқтисодӣ (2011), дотсент. Аълочии маорифи Тоҷикистон (2007).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ойев Насимҷон Абдулмуминович 30 ноябри соли 1977 дар деҳаи Заркамари ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 - ум мактаби миёнаи рақами 10-и ноҳияи Файзободро хатм намуда, соли 1999 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро аз рўи ихтисоси “Баҳисобгирии бухгалтерӣ, назорат ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ” хатм кардааст. Соли 1999 фаъолияти меҳнатиро ба ҳайси мудири кабинети кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон оғоз намудаст. Солҳои 1999-2000 дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дар вазифаи мудири кабинети кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ фаъолият намудааст. Солҳои 2000-2002 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дар вазифаи ассистенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ фаъолият намудааст. Солҳои 2002-2005 дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дар вазифаи муовини декани факултети баҳисобгирию-иқтисодӣ оид ба корҳои илмию тадқиқотӣ ва тарбия, ҳамзамон ассистенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ фаъолият намудааст. Солҳои 2005-2009 дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дар вазифаи муовини декани факултети баҳисобгирию-иқтисодӣ оид ба корҳои таълимӣ, ҳамзамон муаллими калони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ фаъолият намудааст. Солҳои 2009-2012 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар вазифаи муаллими калони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ фаъолият намудааст. Солҳои 2012-2013 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар вазифаи и.в. дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ фаъолият намудааст. Соли таҳсили 2013-2014 ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат интиқол ёфта, дар вазифаи сардори шуъбаи илм фаъолият намудааст. Соли 2014 дар донишкадаи номбурда дар вазифаи декани факултети соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон фаъолият намудааст. Солҳои 2014-2015 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат дар вазифаи декани факултети баҳисобгирӣ- иқтисодӣ ва вазифаи дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит фаъолият намудааст. Солҳои 2015-2016 дар вазифаи декани факултети хидмати молиявӣ фаъолият намудааст. Аз соли 2016 то инҷониб муовини ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат оид ба корҳои таълимӣ мебошад.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 2003-2007 аспиранти ғоибонаи кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Соли 2011 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ рисолаи номзадиро дар мавзӯъи “Такмилдиҳии баҳисобгирии хоҷагӣ ва баландбардории бехатарии иқтисодии корхонаҳои саноатӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)” ҳимоя намуда, сазовори дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ гаштааст. Фаъолиятҳои илмии ӯ ба масоили такмилдиҳии баҳисобгирӣ ва баландбардории бехатарии иқтисодии корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Ӯ нақш ва мақоми баҳисобгирӣ ва таҳлилро дар таъмини бехатарии иқтисодӣ ва инкишофи устувори корхонаҳои саноатӣ асоснок намудааст. Ғайр аз ин, номбурда самтҳои инкишоф ва мундариҷаи баҳисобгирии идоракуниро дар корхонаҳои шаклҳои моликияташон гуногун асоснок намуда, таъсири хусусиятҳои соҳавиро ба низоми баҳисобгирии хароҷоти истеҳсолӣ ва фурӯши маҳсулот баҳо додааст. Инчунин, ӯ низоми илман асосноки таъминоти баҳисобгирӣ-аналитикии раванди идоракунии бехатарии иқтисодиро дар корхонаҳои саноатӣ, ки амсилаи муҳосибии фаъолияти содиротии онро фаро мегирад, пешниҳод намудааст. Дар доираи корҳои илмӣ-таҳқиқотии хеш модели ташкили баҳисобгирии идоракуниро, ки дар заминаи усули ABC сарчашма мегирад, таҳия намудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Дотсент Насимҷон Ойев муаллифи бештар аз 90 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 1 монография, ду китоби дарсӣ ва ду васоити таълимӣ мебошад.
Китобҳо (Монографияҳо)
[вироиш | вироиши манбаъ]- Совершенствование хозяйственного учета и повышение экономической безопасности промышленных предприятий Республики Таджикистан: Монография / Н.А. Ойев. – Душанбе:«Ирфон», 2018. – 172с.
Китобҳои дарсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баҳисобгирии муҳосибии молиявӣ/ Ойев Н.А., Каримов Б.Ҳ., Бобиев И.А. – Душанбе: Ирфон, 2016. – 552с.
- Баҳисобгирии фаъолияти лизинги молиявӣ/ Ойев Н.А., Уроқов Д.У., Собиров Н.М. – Душанбе: ДМТ, 2015. – 168с.
- Баҳисобгирии андоз/ Ойев Н.А., Каримов Б.Ҳ., Шоймардонов С.Қ. – Душанбе: Офсет - империя, 2016. – 320с.
- Таҳлили ҳисоботи молиявӣ/ Ойев Н.А., Каримов Б.Ҳ., Алиев О.М. – Душанбе: Ирфон, 2015. – 220с.
Ҷоизаҳо ва ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аълочии маорифи Тоҷикистон (2007)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зодагони 30 октябр
- Зодагони соли 1977
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Файзобод
- Номзадҳои улуми иқтисод
- Олимон аз рӯи алифбо
- Иқтисоддонҳо аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Иқтисодшиносони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Олимони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон