Наққошӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Варахша, нигораҳои деворӣ асри VII-VIII

Наққошӣ — нақшакашӣ, ҳунари офаридани нақш, маҳсули эҷодии санъаткорони халқӣ ва касбӣ, яке аз навъҳои бостони санъати ороиши амалӣ.

Ёдгориҳои меъморӣ ва бозёфтҳои бостоншиносии Осиёи Миёна шаҳодат медиҳанд, ки наққошӣ дар ин ҷо аз замонҳои қадим ривоҷ ёфтааст. Инкишофи ҳунарҳои меъморӣ, кулолӣ, мисгарӣ, заргарӣ, қолинбофӣ, гулдузӣ ва ғайра ба тараққиёти наққошӣ низ мусоидат кардаанд. Намунаҳои нодири нақшунигоре, ки дар натиҷаи ҳафриёт аз Тирмиз, Варахша (Бухоро), Афросиёб (Самарқанд), Панҷакенти қадим, Хулбук (Хутлон) ва дигар мамлакатҳо ёфт шудаанд, аз маданияти гузаштагони мо гувоҳӣ медиҳанд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Б. Ғафуров. Тоҷикон. Китоби 1 - Душанбе, 1989