Jump to content

Неъматулло Сайфуллоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Неъматулло Сайфуллоев
Таърихи таваллуд 20 апрел 1942(1942-04-20) (82 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Бустонлиқ, ҶШС Узбакистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои фалсафа
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Хуҷанд
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон (2002)

Неъматулло Сайфуллоев (20 апреди 1942, ноҳияи Бустонлиқ) — файласуф, доктори илмҳои фалсафа (1992), профессор (1998), Аълочии маорифи ҶТ (2002)[1]

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Неъматулло Сайфуллоев 20 апрели 1942 дар ноҳияи Бостонлиқи вилояти Тошканд таваллуд шудааст.

  • 1964 — хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Хуҷанд;
  • 1964-1969 — муаллими факултаи механикаву математикаи ДДТ ба номи В. И. Ленин;
  • 1969-1972 — аспиранти кафедраи мантиқи ДДМ ба номи М. В. Ломоносов;
  • 1973-1980 — сармуаллим, дотсенти кафедраи материализми диалектикӣ ва мантиқи ДДТ ба номи В. И. Ленин;
  • 1980-1992 — корманди калони пешбар дар Пажӯҳишгохи фалсафаи АИ ҶТ;
  • 1992-1997 — профессори кафедраи таърихи фалсафаи ДДТ ба номи В. И. Ленин;
  • 1997-2002 — профессори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии ДСРТ;
  • 2002-2010 — мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии ДСРТ;
  • Аз соли 2010 профессори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии ДСРТ;

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Неъматулло Сайфуллоев муаллифи зиёда аз 200 корҳои илмиву методӣ,илмиву оммавӣ ва монографияҳо доир ба масъалаҳои соҳаи математика, механика, мантиқ,таърихи мантиқ,фалсафа, таърихи фалсафа, таърихи афкори ҷамъиятиву сиёсӣ ва ҳуқуқшиносӣ мебошад. Ӯ дар Конфронси байналхалқии «Нақши халқҳои Эрон дар тамаддуни ҷаҳонӣ:таърих ва давраи муосир»(Душанбе,1992); « Академик Б.Ғафуров: омӯзиши таърих, фарҳанг ва тамаддуни халқҳои Осиеи Марказӣ»(Душанбе,1998);«Фарҳанги маънавии тоҷикон дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ»(Душанбе,2002);Конфронс бахшида ба 2700-солагии Абуалӣ ибни Сино (Шветсия,2001); «Абуалӣ ибни Сино ва тамаддуни ҷаҳонӣ»(Душанбе,2005); Ҷанги Бузурги Ватанӣ:дарси таърих ва давраи муосир"(Душанбе,2005);Симпозиуми байналхалқӣ бахшида ба 2700-солагии Абуалӣ ибни Сино (Париж,2002).

  • Логический анализ понятия количества. — Душанбе, 1989;
  • Логика Ибн Сино. — Душанбе, 1991;
  • Логика: Учеб. пособие. — Душанбе, 1991; *История учения о праве и государстве: Учеб. пособие. — Душанбе, 2006;
  • Некоторые вопросы мусульманского права в наследии Абу Ханифы // Материалы Междунар. науч. конф., посв. 1310-летию Имама Азама. — Худжанд, 2009 ва диг.[2]
  • «Российско-Таджикский (славянский) университет» (в одном томе). Энциклопедия./ Главный редактор М. С. Имомов. — Душанбе, 2011
  • Российско-Таджикский (Славянский) университет: вчера, сегодня, завтра. 1996—2016. — Душанбе, 2016.