Неъмат Халилов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Неъмат Халилов
Неъмат Халилов
Таърихи таваллуд: 7 феврал 1947(1947-02-07) (77 сол)
Зодгоҳ: Душанбе
Касб: ҳунарпеша

Неъмат Халилов — коргардони телевизиони Тоҷикистон фарзанди Муҳаммад Халилов.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Неъмат Халилов дар мактаби миёнаи № 7 ш. Душанбе хондааст (1957—1966). Омӯзгор (1966), Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст (1972). Ҳунарманди оркестри эстрадии давлатии «Гулшан» (1972—1977), саркоргардони барномаҳои фарҳангии Телевизиони Тоҷикистон (аз с.1974) буд.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Таҳиягари намоишномаҳои озмун-фестивали санъати бадеии ҷумҳурияви, консертҳои камеравӣ ва симфонӣ, ансамблҳои касбӣ ва солистони Телевизиони Тоҷикистон театрҳо ва филармония, гурӯҳҳои яккахони эстрада, намоишҳои телевизионӣ. Дар мулоқот бо чеҳраҳои шинохтаи ҷумҳуриявӣ дар баромаҳои «Сӯҳбати мардона», «Хуш омадед», «Оила», консертҳои идонаи «Оташаки солинавӣ», филм-консерти «Суруди ман» бо ширкати Кароматулло Қурбонов, «Аё сайёд» бо Одина Ҳошим, «Дарёи суруд» бо Саидқул Билолов ва ғ. саҳм гузоштааст.[1]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013, с.133.