Нигина Амонқулова
Нигина Амонқулова | |
Иттилооти асосӣ | |
Таърихи таваллуд | 30 январ 1986 (38 сол) |
Зодгоҳ | Панҷакент, вилояти Ленинобод, Тоҷикистон |
Солҳои фаъолият | 2008 — то ҳол |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Сабк | ретро, фолк |
niginamusic.org | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Нигина Амонқулова (тав. 30 январи 1986, Панҷакент, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — яке аз номдортарин овозхонҳои тоҷик дар сабки ретро.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]30 январи соли 1986 дар шаҳри Панҷакент вилояти Ленинобод дар оилаи серфарзанд ба дунё омадааст. Нигина чор бародар дорад. Бародари калонӣ Хуршед тоҷир мебошад, дуюм Хусрав инчунин сароянда аст. Сеюм бародараш Хайём ва хурди Ҳомидҷон мебошанд. Мактаби миёнаи № 1 Панҷакентро хатм карда аст. Пас аз хатми мактаби миёна дар Коллеҷи тиббӣ дониш андӯхта ва ҳамзамон бо таҳсил, ҳунари тарроҳиро низ омӯхтааст.
Ҳаёти шахсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Нигина соли 2007 ба хешписараш Фирӯз ба шавҳар баромадааст. Соли 2008 онҳо соҳиби писараке шуданд, ки Азамат номаш гузоштанд.[1].
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Нигина аз хурдсолӣ мехост пизишк шавад, аммо меҳру муҳаббати гармаш ба суруду мусиқӣ саранҷом ӯро рӯи саҳна овард ва дар як вақти кӯтоҳ ба нигини саҳнаи тоҷик табдил дод. Нигина бо як суруд — «Шаби маҳтоб» — шуҳратёр гашт. Ин бонуи ҳунарманд то имрӯз зиёда аз 20 суруди дилошӯбро пешниҳоди ҳаводорону мухлисонаш гардонида, дар ҷустуҷӯи таронаҳои наву тоза аст.
«Дар оғӯши ту мемирам» ва чанде дигар аз таронаҳои Нигина дар сабқати мусиқии попи Тоҷикистон дар «топ» и дискфурӯшиҳо ва мобитонҳои ширкатҳои мобилӣ қарор дошт[2].
Ҷоизаҳои
[вироиш | вироиши манбаъ]Моҳи январи соли 2013 Нигина Амонқулова ҷоизаи «TOP-50: Одамони услуби шаҳри Душанбе» -ро барои соли 2012 гирифт[3].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Нигина Амонқулова: Асрори ҳаёти оилавиамро пинҳон намедорам, вале…. 1 марти 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 марти 2012.
- ↑ 2014 - Соли Нигина Амонқулова, ҳаҷҷи Шабнам ва дебюти Мино (4 ВИДЕО). Радиои Озодӣ (25 Декабри 2014). 27 март 2015.
- ↑ Победитель ТОП-50 2012 года — Нигина Амонкулоова
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Нигина Амонқулова: Асрори ҳаёти оилавиамро пинҳон намедорам, вале… (пайванди дастнорас) Бойгонӣ шудааст 20 марти 2012 сол.
- Клипҳои Нигина Амонқулова дар Youtube
- Нигина Амонкулова в стиле ретро (бо забони русӣ) (пайванди дастнорас)
- Баҳси Интернетӣ (Чат) бо Нигина Амонқулова (пайванди дастнорас) Бойгонӣ шудааст 31 Январ 2010 сол.
- Нигина Амонкулова Бойгонӣ шудааст 23 октябри 2013 сол.