Нозироти ҳуқуқии меҳнат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Нозироти ҳуқуқии меҳнат - мақомест, ки дар дохили мақомоти иттифоқҳои касабаи ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ таъсис дода шудааст. Вазифаи нозироти ҳуқуқии меҳнат иборат аз он аст, ки онҳо ҳуқуқи назорати иҷрои қонунгузории меҳнатиро дар ташкилотҳо ба уҳда доранд. Онҳо инчунин тартиби иҷрои шартномаи коллективиро назорат мекунанд. Дар сурати ошкор намудани вайронкунии қонун дар ташкилот онҳо ҳуқуқи ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани шахси мансабдорро доранд.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Нозироти техникии меҳнат

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 348-349