Нони зағора

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Нони зағора- барои зағора асосан орди ҷуворимакка ё арзан, об, намак, хамирмоя истифода мешавад, баъзан ба он кадуи тарошида ё пиёзи реза низ меандозанд. Ба оби ширгарми намак ва хамирмояи ҳал кардашуда орди бехтаи ҷуворимаккаро кам-кам андохта, хамири сахт меҷӯлонанд. Хамирро ба ҷои гарм печонда мемонанд, то ки расад. Аз хамири расида зуволаҳои 250-300 г мебуранд. Барои гард орди гандумро истифода мебаранд. Зағораро дар танӯри тафсон мепазанд. Барои 10 дона зағора 1 кг орд, 20 г хамирмоя, каду ё пиёз, 2 қошуқча намак, барои гард 200 г орди гандум лозим аст.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]