Jump to content

Нуриддин Қаюмов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нуриддин Қаюмов
Нуриддин Қаюмович Қаюмов
Таърихи таваллуд 12 август 1937(1937-08-12) (87 сол)
Зодгоҳ деҳаи Дар-Дар, ноҳияи Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Унвонҳои илмӣ академики АИҶТ
Алма-матер

Нуриддин Қаюмович Қаюмов (зод. 12 август 1937, Дар-Дар, ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ (1985), профессор (1988). Академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (2001). Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1995).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1961). ихтисос — «иқтисодиёт». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: сиёсати давлатии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гузариш, назария ва амалияи самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ, рушд ва ҷобаҷогузории қувваҳои истеҳсолӣ, барқароршавӣ ва пешрафти иқтисоди бозоргонӣ, асосҳои илмии ҳамгироии иқтисодиёти Тоҷикистон дар иқтисоди ҷаҳонӣ. Мудири бахш, мудири шӯъба, муовини директори Институти иқтисодиёти АИ ҶШС Тоҷикистон (1970—1981), директори Институти иқтисодиёт ва усулҳои иқтисодиву математикии банақшагирӣ бо Маркази ҳисоби Госплани Ҷумҳурии Тоҷикистон (1981—1993), мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ (1994), директори Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995—1997), муовини вазири иқтисод ва робитаҳои берунии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998—2001), директори Институти таҳқиқоти иқтисодии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001—2009).

  • Бо медалҳои «Барои меҳнати шоён». Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин",
  • «Ветерани меҳнат»,
  • Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.
  • Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1995).