Оқомираки Исфаҳонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Оқомираки Исфаҳонӣ
Таърихи таваллуд эҳтимолан асри XVI
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 1576
Мамлакат:
 Парвандаҳо дар Викианбор

Оқомираки Исфаҳонӣ (эҳтимолан асри XVI, Исфаҳон1576) — мусаввир ва хаттоти форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Санъати хаттотӣ, наққошӣ, ҷадвалкашӣ ва манзаранигориро дар Исфаҳон, Табрез ва Ҳирот омӯхта, дар китобхонаҳои Табрезу Қазвин суратгарӣ кардааст. Дар ин бора дар «Туҳфаи Сомӣ»-и Соммирзо, «Ҳоло­ти ҳунарварон»-и Дустмуҳаммад ва «Таърихи оламорои Аббосӣ»-и Ис­кандари Муншӣ маълумот оварда шудааст. Баъдтар дар назди Камолуддини Беҳзод маҳораташро такмил дода, аз шогирдони боистеъдоди ӯ шуд.

Оқомираки Исфаҳонӣ дар санъати манзаранигорӣ ва сиёҳқаламӣ сабки Беҳзодро давом дода, асарҳои зиёде эҷод кард. Панҷ тасвири устодонаи ӯ дар «Хамса»-и Низомӣ (солҳои 1539—1543, Табрез) оварда шудааст. Китобати ин асар ба қалими хаттот Шоҳмаҳмуди Нишопурӣ тааллуқ дошта, ҳоло дар Музеи Британия маҳфуз аст. Ин мусаввараҳо «Тоҷгузории Хусрави Парвиз», «Хусрав ва Шерӯя», «Маҷнун дар биёбон», «Анӯшервон дар харобот», «Бозгашти Шопур ба боргоҳи Хусрави Парвиз» ном дошта, аз ҷиҳати нигориш, истифодаю омезиши рангҳо, тасвири манзара басо ҷолиби диққатанд. Ороиши «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (ҳоло дар коллексияи хусусии А. Хо­тон, ИМА) низ ба қалами Оқомирак мансуб буда, мусаввараҳояш оддӣ, муҷаз ва дилангезанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Оқомираки Исфаҳонӣ // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).