Пиёзбирён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Пиёзбирён, Пиёздоғак

Ин намуди хўрокро, асосан, дар фасли зимистон субҳгоҳон истеъмол мекунанд. Пиёзи сурхро ҳалқа-ҳалқа реза карда, дар равғани зағер бирён карда, каме намак мепошанд. Баъзан пиёзи одиро дар равғани рустанӣ ё равғани зард низ мепазанд. Инчунин пиёзбирёнро ҳамчун хўриш ба дигар таъомҳо ҳамроҳ тановул мекунанд. Он хўроки гарммизоҷ буда, барои рафъи зуком, сармохўрӣ ва иллати рўдаҳо даво аст. Дар саросари кишвар фаъол аст.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ершов Н. Пища // Таджики Каратегина и Дарваза. Вып.2, – Душанбе, 1970.
  • Пиёзбирён // Энсиклопедияи мухтасари рўзгордорӣ. – Душанбе 1988.
  • Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015 [1]

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Манобеъ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 167