Кабоб
Аз Википедиа
Кабоб - навъи таом, ки аз гӯшти чорво ва парранда (мурғ, кабк, бедона) тайёр мекунанд. Гӯштро 25-35 грамми реза карда намак, мурч ва сирко мезанандю Сипас ба зарфе андохта дар ҷои салқин 1-2 соат нигоҳ медоранд. Думбаро майда-майда реза карда, ба деги тафсон меандозанд ва гӯштро дар он 15-20 дақиқа мепазанд. Кабоби пухтаро ба табақ кашида ба рӯи он пиёз, кабудӣ ва каме сирко мерезанд. Дар байни тоҷикон навъҳои зерини кабоб маъмул аст.
- Барракабоб
- сихкабоб
- ҷигаркабоб
- гурдакабоб
- қимакабоб
- кабоби буғӣ
- мурғкабоб
- кабоби чӯпонӣ
- қавурдоғ
- кабоби кабкӣ
