Прокуратура
Макомоти Прокуратура. Дар таъмини конуният ва тартиботи хукуки ва хифзи манфиатҳои ташкилотхо ва шахрвандон макомоти прокуратура хиссаи калон мегузаранд. Фаъолияти макомоти прокуратура мувофики Конун " Дар бораи Прокурори Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки 30 апрели 1992 кабул карда шудааст, ба танзим дароварда мешавад. Тибки моддаи 1-уми ин Конун Прокурори Генералии Чумхурии Точикистон ва Прокурори тобеи он риоя ва истифодаи якхелаи конунхои аз чониби вазоратхо, кумитахои давлати, истифодаи рахо, Шурои махаллии депутатхои халк, корхонаю муассисахо, сарфи назар аз тобеият, мансубият ва шаклхои моликияти онхо, макомоти тахкик ва тафтиши пешаки, ташкилотихои чамъияти, дини, хизбхои сиёси, чунбишхои оммави, мансабдорон ва шахрвандон назорат мекунанд.
Вазифаҳои прокуратура таъмин намудани волоии конун, тахкими конуният ва тартиботи хукуки буда, бо максади мухофизати истиклолият ва хукуки сохибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукуку озодиҳои ичтимоию иктисоди, сиёси ва дигар ҳукуку озодихои шахрвандон, асосохои сохторидемократии Хокимияти Давлати, хокимияти ҳуқуқи макомоти намояндагии махали, макоми давлати ва ташкилотхои чамъияти равона карда шудааст.
