Раънохон Ваҳҳобова
Таърихи таваллуд | 30 август 1937 (87 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | кимиё |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон, аз соли 1970 |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илм |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Маскав (1959) |
Ҷоизаҳо | «Хидмати шоиста», «Собиқадори меҳнат» |
Раънохон Ваҳобова (тав. 30 августи 1937, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — кимиёшинос, номзади илмҳои кимиё (1967), узви вобастаи академияи муҳандисии байналхалқии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника (1987).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Раънохон Ваҳҳобова 30 августи 1937 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи далатии Маскав (1959) ва аспирантураи Донишкадаи геохимия ва химияи таҳлилии Маскав (1964).
Кор ва фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ходим, котиби илмии Иниститути кимёи Академияи Илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1959-70). Аз соли 1970 дар Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) дар вазифаҳои дотсент, мудири кафедраи кимиёи таҳлилӣ кор кардааст. Аз соли 2008 дотсенти кафедраи номбурда. Раънохон Ваҳобова дар бахши кимёи таҳлилӣ оид ба усулҳои таҳлили физикавию кимёии маводди табиӣ ва техникӣ, тариқаҳои электрокимёии таҳлил таҳқиқот анҷом додааст. Таҳти роҳбарии Ваҳҳобова 4 нафар рисолаи номзади ҳимоя кардаанд. Муаллифи 220 мақола, 5 ихтироъ.
Мукофоту медалҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо медалҳои «Хидмати шоиста», «Собиқадори меҳнат» ва Ифтихорномаи Иниститути муҳандисии Покистон қадр карда шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Высокочистый Al и его сплавый. Часть 1 (ҳаммуалиф). Душанбе, 1994—1999.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ваҳҳобова Раънохон // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.