Рақами «Чил»

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Рақами “чил” - дар миёни мардуми эронитабор, ҳамчун шумораи беҳин (нек) дониста шудааст. Аз ҷумла чиллаи зани обистан (ҳомила), чиллаи кӯдаки навзод ва таваллуди дигар, яъне марг. (Марг таваллуди дигар аст; тарки ин дунё ва рафтани рӯҳ ба назди падари инсон – хуршед.) Чилланишинии суфиён низ баргирифта аз ойини меҳрпарастӣ аст. Суфӣ чил рӯз дар торикӣ гуруснанишинӣ карда, ба таваллуди дигар мерасад. Яъне ба худо мепайвандад. Ҳамин тавр чилрӯзагии хуршедро дар рӯзи даҳуми баҳман (феврал), чун Иди Сада ҷашн мегирифтанд ва пас аз 50 рӯз, яъне 21 март замони ба балоғат расидани онро, ба таври густурда ҷашн мегиранд, ки он рӯз Наврӯз аст.[1]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Шаби ялдо