Рақси «Рӯймол»

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Рақси «Рӯймол» – як навъ рақси анъанавии тоҷикон мебошад, , ки онро занон таҳти зарби доира, таблак, ё созҳои дигари мусиқии миллӣ иҷро мекунанд.

Тавсифи мухтасар[вироиш | вироиши манбаъ]

Рақси «Руймол»-ро таҳти садои доира, таблак, ё созҳои дигари мусиқии миллӣ занҳо иҷро мекунанд. Он рақси якка буда, дар тӯю маъракаҳои оилавӣ, идҳои расмӣ ва халқӣ, базмҳо ва ғайра иҷро мегардад. Ин рақс зебогӣ, мавзунқоматӣ, ороиши эстетикии занро тавассути ҳаракатҳои гуногуни мавзуни дастҳо, пайкар, мимикаи рӯй таҷассум менамояд. Дар рақс иҷрокунанда дар як ҷо нишаста, рӯймолро гулдӯзӣ карда, дар айни замон бо ҳаракатҳои зебои маҳин ва имову ишораҳои пур аз маънӣ олами эҳсосоти ширину гуворои худро намо- иш медиҳад. Ӯ ҳамин тавр рӯймолро дӯхта, аз хурсандӣ мерақсад ва ба ягон кас онро туҳфа мекунад. Дар варианти дигари ин рақс раққоса дар ҳар дасташ рӯймолчаеро дорад. Ӯ майда-майда қадам мегузорад ва ба иҷрои ҳаракатҳои рақсӣ шурӯъ мекунад. Раққоса бо навбат ҳар яке аз дастонашро боло бардошта, рӯймолчаҳоро бо банди даст ин сӯ ё он сӯ тоб медиҳад. Ҳангоми истодан ӯ дасти чапро ба пушт мебарад ва дасти ростро боло бардошта, рӯймолчаро меларзонад. Ҳамин ҳаракат бо дасти дигар низ такрор мешавад. Дар асри ХХ дар санъати рақсии касбӣ ва ҳаваскорӣ намудҳои гуногуни ин рақс ба вуҷуд омаданд. Дар санъати ҳаваскорӣ устодон рақси якка, дунафара ва шакли гурӯҳии ин рақсро ба саҳна гузоштанд. Дар шакли гурӯҳии рақси мазкур дувоздаҳ духтар рӯймолҳоро дар ду даст гирифта ба рақс мебароянд. Онҳо дастҳояшонро бо рӯймол ин сӯ ё он сӯ алвонҷ дода, ба пеш ҳаракат мекунанд. Раққосаҳо дар як саф истода ба ду қатор тақсим мешаванд. Як қатор духтарон ба як зону мешинанд, раққосаҳои дигар қатор омада, гирди он онҳо давр зада, бо нишастагон ҷойҳоро иваз мекунанд. Раққосаҳо баъди он дар саҳна ба тар- зи нимдавра паҳлуи ҳам меистанд. Ду нафар раққоса аз байни духтарон гузашта, дар саҳна бо рӯймол чарх мезананд. Ҳаракатҳои рақсӣ бо рӯймолҳо гуногун мебошанд: рӯймолҳоро ба боло, ба ду тараф гардонидан, нишон додани нақши гулдӯзии рӯймолҳо, бастани рӯймолҳо дар сар, дар миён ва ғайра. Дар асри ХХ рақс бо рӯймол хеле машҳур гашт, онро беҳтарин раққосон дар тӯйҳо, ҷашни Наврӯз, маъракаҳои мардумӣ иҷро менамуданд. [1]

Маҳалли густариш[вироиш | вироиши манбаъ]

Вилояти Суғд, водии Ҳисор

Вазъи имрӯзаи унсур[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъол

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 57. – 280 с.