Раҳмон Шораҳматов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Раҳмон Шораҳматов
Шораҳматов Раҳмон Шоабдуллоевич
Таърихи таваллуд: 18 апрел 1959(1959-04-18) (65 сол)
Зодгоҳ: Исфара , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҳмон Шоабдуллоевич Шораҳматов – омӯзгор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Раҳмон Шораҳматов 18 апрели соли 1959 дар шаҳри Исфара таваллуд шудааст. Миллат: тоҷик. Соли 1982 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм намудааст. Ихтисос: механик-математик. Сарвари литсейи №3-и Ворух, шаҳри Исфара.

  • Солҳои 1977-1982-донишҷӯи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин;
  • Солҳои 1982-1984-омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12–и Ҷамоати деҳоти «Ворух»-и шаҳри Исфара;
  • Солҳои 1984-1986-хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттифоқи Советӣ;
  • Солҳои 1986-1992-омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии 22–и Ҷамоати деҳоти «Ворух»-и шаҳри Исфара;
  • Солҳои 1992-1996-директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №22–и Ҷамоати деҳоти «Ворух»-и шаҳри Исфара;
  • Аз соли 1996- то инҷониб сарвари литсейи №3-и Ҷамоати деҳоти «Ворух»-и шаҳри Исфара мебошад.

Аз 30 марти соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.[1]

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо ордени «Шараф» дараҷаи 2 сарфароз гардонида шудааст.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Шораҳматов Раҳмон Шоабдуллоевич(тоҷ.). www. majmilli.tj. 15 апрели 2020 санҷида шуд.