Ретинал

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ретинал

Витамин А (ретинал) чашмро пурқувват ва инкишофи мўътадили организмро таъмин менамояд. Агар дар организм витамини А нарасад,ранги рўй парида, пўст хушку шахшўл шуда, дар рўй ҳар гуна рихинакҳо мебарояд; мўй хушк ва беҷило, нохунҳо мўрт мешаванд. Аломатҳои асосии норасоии ин витамин , рўшноитарсй ва шабкўрй аст. Танҳо маҳсулоти чорво (ҷигари ҳайвонот ва моҳй, маска ва равғани зард, панир, зардии тухм) витамини А доранд. Дар маҳсулоти растанигй витамини А дар шакли провитаминҳо ( пигментҳои каротиноидҳо) вомехўранд. Каротиноидҳо дар сабзй, помидор,қаламфур, пиёзи кабуд, шилха, коҳу, хуч, зардолу,ангат, ғубайро ва ғайра бисёранд. Каротиноидҳоро организм дар якҷоягйбо равған хуб ҳазм мекунанд, аз ин рў ба хуриши сабзавот қаймоқ ё равғани растанй ҳамроҳ кардан хеле муфид аст. Дар ҳолати пухтупази муқаррарй ва очоронй витамини А ва каротиноидҳо бетағйир мемонанд, аммо ҳангоми хушконидани хўрокворй ва доғ кардани равған онҳо вайрон мешаванд.