Рустшавонак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Рустшавонак, туктукбозӣ, баҷошавак

Бачаҳо аз байни худ як нафарро барои чашмбандӣ интихоб мекунанд. Шахси интихобшуда рӯй ба девор ё дарахте карда, чашмонашро бо дастонаш пӯшонида, то адади муайян мешуморад ва мепурсад: «ҳуп, тут пухт, ҷав расид?». Дигарон зуд ба ҷойҳои назарнорас пинҳон мешаванд. Писарбачаи ҷӯянда чашмонашро боз карда мегӯяд: «Рафтам ба кофтан, илоҷи ёфтан» ва ба ҷустуҷӯи бозигарони пинҳоншуда меравад. Ҷӯянда ҳар киро, ки дар аввал пайдо кард, дар пайти навбатӣ ҳамон кас чашмашро мебандад. Дар саросари кишвар фаъол аст.[1]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

1. Шермуҳаммадов Б. Назми халқии бачагонаи тоҷик. Д., 1973.

2. Нурджанов Н. Игры // Таджики Каратегина и Дарваза. Вып.3, Д., 1976.

3. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.1. Д., 2015.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Манобеъ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 192