Рӯзи Ғалаба

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

9 май- ҳамчун Рӯзи Ғалабaи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) эълон гардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтаст.

Таърих[вироиш]

Рӯзи Ғалаба — иди ғалабаи СССР аз болои миллатгароёнӣ Олмон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945 мебошад. Рӯзи 9 май - Рӯзи Ғалаба дар Тоҷикистон, Руссия, Украина ва дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ (СССР) ҷашн гирифта мешавад. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамаи халкҳои Иттиҳоди Шўравӣ иштирок намуда барои мудофиаи мамлакати ягона мубориза бурдаанд ва дар ғалабаи Иттиҳоди Шўравӣ бар Олмони фашистӣ саҳми хешро гузоштаанд. Аз ҷумла, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷанговарони Тоҷикистон 58 ҳазор нафарашон дар амалиётҳои ҷангӣ мардонигию шуҷоат нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардиданд. 54 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони аз ҳама баланди давраи Иттиҳоди ШӯравӣҚаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ сазовор шуданд.[1]

Баъд аз ба охир расидани ҷанг, 9 май ҳамчун Рӯзи Ғалаба - иди расмии ИҶШС эълон гардид ва ҳар сол дар тамоми ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шўравӣ ҷашн гирифта мешуд.

Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (с-хои 1941 – 1945) аз ҷумлаи идҳои давраи шўравӣ мебошад, ки дар Тоҷикистони муосир боқӣ мондааст.

Баргузории ид[вироиш]

9 май тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", ҳамчун Рӯзи Ғалабaи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватани (1941-1945) эълон гардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтаст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад..[2]

Ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар шаҳру вилояту ноҳияҳои Тоҷикистон якчанд кучаҳову майдонҳо ва боғи Ғалаба дар Душанбе номгузорӣ шудааст. Дар арафаи ид ҳафтаи "Поси хотир" (аз Тоҷикистон 90 ҳазор нафар ҷанговарон дар амалиётҳои ҷангӣ вафот кардаанд)вохўриҳо бо собиқадорони (ветеранҳои) ҷанг баргузор мегардиданд, ки барои тарбияи насли наврас нигаронида шуда буданд.

Пайвандҳо[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик.Мураттибон Ҳотамов Н.Б.,Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. - Душанбе,2010.
  2. Рӯзҳои Ид