Рӯзи ҷаҳонии футбол

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рӯзи ҷаҳонии футбол
Номи расмӣ Рӯзи ҷаҳонии футбол
Аҳамият Байналмилаӣ
Таҷлил Дар саросари олам (кишварҳои аъзои СММ)
Сана 25 май
Ҷашнгирӣ Дар асоси қатъномаи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид

Рӯзи ҷаҳонии Футбол (англ. World Football Day, русӣ: Всемирный день футбол) — рӯзест, ки шурӯъ аз соли 2024 дар саросари ҷаҳон ҳамасола 25 май ҷашн гирифта мешавад. [1]

Моҳи майи соли 2024 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро қабул намуд[2][3]

Санаи 9 феврали соли 2024 Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ бори нахуст ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кард, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шавад ва бо қабули қатъномаи махсуси Ассамблеяи генералии СММ расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад[4]


Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар пешниҳод ба СММ таъкид намуда буданд, ки:

«Ин як намуди варзиш падидаи фарҳанги умумиҷаҳонӣ аст, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовутҳои иҷтимоиву иқтисодиро убур менамояд. Ин як варзише аст, ки ҷаҳонро муттаҳид месозад ва бо забони универсалӣ сухан мегӯяд, ки ба ҳамагон маълум аст, яъне аз кӯчаҳои пур аз мухлиси шаҳрҳои бузург сар карда, то деҳаҳои дурдасттарини ҷаҳон футболро мешиносанду бозӣ мекунанд. Бо назардошти ин пешниҳод дорам, ки нақши футболро дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф намуда, дар Созмони Милали Муттаҳидаз тариқи қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи ҷаҳонии футбол расман эълон гардад».[4]

Қабули қатънома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро оид ба эълони Рӯзи ҷаҳонии Футбол ба тасвиб расонд, ки ба ҷуз аз Тоҷикистон ду кишвари дигар — Баҳрайн ва Либия низ онро дастгирӣ карданд.[1][3] Дар қатъномаи мазкур аҳамияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз гузарондани чорабиниҳои бузурги варзишӣ таъкид шудааст.[5]

Ҳамин тариқ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалиро дар бораи рӯзи 25 майро эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол якдилона пазируфт.[6]

Дар назар аст, барои бори аввал санаи 25 май, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Ҷаҳонии Футбол дар сатҳи баланд ва бо шукӯҳ таҷлил карда шавад. Бо ин мақсад, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзи Ҷаҳонии Футбол, ҷаласаи кумитаи тадорукот баргузор гардид. [7]

Ҳамзамон зимни баргузории ин ҷаласа, рамз (логотип)-и Рӯзи ҷаҳонии футбол тасдиқ гардид. [8]

Дар назар аст, ки санаи 25 май дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол фестивал баргузор мегардад. [9]

  1. 1.0 1.1 United Nation. World Football Day 25 May. https://www.un.org/en/.
  2. U.N. proclaims May 25 as World Football Day(англ.). ESPN.com (8 May 2024). 13 май 2024 санҷида шуд.
  3. 3.0 3.1 Varzishtv.tj. 25 май Рӯзи ҷаҳонии футбол - Ассамблеяи генералии СММ аз ташаббуси Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ оид ба эълон кардани Рӯзи ҷаҳонии футбол пуштибонӣ кард. ТВ Варзиш (07-05-2024).
  4. 4.0 4.1 АМИТ "Ховар". Пешниҳоди Президенти АФОМ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба СММ оид ба эълони “Рӯзи ҷаҳонии Футбол”. https://khovar.tj/ (10-02-2024).
  5. Ҷавонони Тоҷикистон. 25 май Рӯзи ҷаҳонии футбол. Ассамблеяи генералии СММ пешниҳоди президенти CAFA-ро ҷонибдорӣ кард. http://javonon.tj/ (07-05-2024).
  6. АМИТ "Ховар". Ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон оид ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол дар воситаҳои ахбори оммаи Швейтсария тарғиб гардид. https://khovar.tj/ (09-05-2024).
  7. ТВ Варзиш. Дар Душанбе Рӯзи Ҷаҳонии Футболро бо шукуҳ ҷашн мегиранд. https://varzishtv.tj/tj/ (14-05-2024).
  8. Ҷавонони Тоҷикистон. Рамзи Рӯзи ҷаҳонии футбол тасдиқ шуд. http://javonon.tj/news/ (14-05-2024).
  9. АМИТ "Ховар". РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Бахшида ба ин рӯз дар шаҳри Душанбе фестивал баргузор мешавад. https://khovar.tj/ (14-05-2024).
  1. ҶОНИБДОРӢ АЗ ПЕШНИҲОДИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ
  2. Алишер Урунов: Дастгирӣ ёфтани ташаббуси Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба футболи тоҷик зиёд мекунад.
  3. ГЕНЕРАЛЬНАЯ АССАМБЛЕЯ ООН ПОДДЕРЖАЛА ИНИЦИАТИВУ ПРЕЗИДЕНТА ФФТ РУСТАМА ЭМОМАЛИ ОБ ОБЪЯВЛЕНИИ ВСЕМИРНОГО ДНЯ ФУТБОЛА
  4. Всемирный день футбола 25 мая