Jump to content

Ҳасани Ғазнавӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Сайид Ҳасани Ғазнавӣ)
Ҳасани Ғазнавӣ
Таърихи таваллуд: 1140
Таърихи даргузашт: 1170
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир

Ҳасани Ғазнавӣ (форсӣ: اشرف‌الدین ابو محمد حسن بن محمد حسینی غزنوی‎, машҳур ба Ашраф; ? — 1160) — шоир, хатиб ва воизи форс-тоҷик

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъди дар шоирӣ ном баровардан ба дарбори Баҳромшоҳи Ғазнавӣ (ҳукмр. 1118-52) роҳ ёфт. Дар чанд сафар ҳамроҳи ӯ ба Ҳиндустон рафт. Ҳангоми хидмат дар дарбор ду маротиба ба туҳмати дарбориён дучор шуда, аз бими ғазаби шоҳ тарки диёр карда, дар Хуросон, Нишопур, Ҳиҷоз, Ҳамадон, Бағдод паноҳ бурдааст. Дар ҳамин гуна мусофиратҳо азоб кашида, оқибат дар ғарибӣ вафот кардааст. Аз Ашраф девоне мондааст, ки тақрибан 5 ҳазор байт қасоид, ғазалиёт, тарҷеот ва рубоиётро дар бар мегирад. Ашраф ба қисми тағаззули қасида бештар аҳаммият додааст. Мавзуъҳои тағаззулоташ тавсифи ишқу ошиқӣ, манзараҳои дилкаши табиат, ёди ёру диёр ва ғ. мебошанд. Ривоҷи қисми фахрияи қасидаи классикӣ ба номи Ашраф сахт марбут аст. Дар фахрияҳо ӯ худро чун подшоҳи олами ақлу хирад тавсиф кардааст. Бад-ин васила шоир дар назди ҳокимон қадри аҳли илму адабро бардоштааст. Матонати сухан, назокати бадеии қасидаҳои Ашраф низ баланд аст. Аз ташбеҳу истиораҳои пӯшида бештар истифода кардааст. Ашрафяке аз шоиронест, ки дар пайдоишу ташаккули сабки ироқӣ замина гузоштааст. Шоирон Фалакии Шервонӣ, Ҷамолуддини Исфаҳонӣ, Камолуддини Исфаҳонӣ ва дигарон дар ғазал ва қасидасароӣ ба Ашраф пайравӣ кардаанд. Девони Ашраф соли 1950 дар Теҳрон ба табъ расидааст.

Намунаи ашъор

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абёти зерин намунае аз шеъри Ашраф мебошанд:

Ҳар насиме, ки ба ман бӯи Хуросон орад,
Чун дами Исо дар колбудам ҷон орад.
Дили маҷрӯҳи маро марҳами роҳат созад,
Ҷони пурдарди маро мояи дармон орад…
Дар наво оям чун булбули масте, ки сабо-ш
Хабар аз соғари майгун ба гулистон орад.
Ҷон барафшонам сад раҳ чу яке парвона,
Ки шабе пеши рухи шамъ ба поён орад.
Рақс дар гирам чун зарра, ки субҳи содиқ
Назми ӯ муждаи хуршеди дурафшон орад.
Шодмон гардам чун дилшудае, к-аз зорӣ-ш
Ҳам маломатгари ӯ ваъдаи ҷонон орад.