Бағдод

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Haifa street, as seen from the medical city hospital across the tigres.jpg

Бағдод - аввал "Мадина-ас-салом", яънс "Хонаи сулҳ ва некӯкорй" ном дошт. Ин шаҳрро халифа Мансур соли 762 дар ҷои деҳаи "суқ Бағдод". яъне "бозори Бағдод" бунёд кардааст. Номи Хилофати Бағдод аз номи пойтахти сулолаи Аббосиён гирифта шудааст. пойтахт (аз 1921) ва калонтарин шаҳри Ироқ,

Бағдод - маркази маъмурии музофоти Бағдод, дар соҳили Даҷла ҷойгир аст. Аҳолиаш 6,05 млн нафар (бо атрофаш 6,5 млн нафар, 2011) зиёда аз 75 дарсад арабҳо, инчунин курдҳо, туркҳо, арманиҳо, яҳудиҳо ва диг. миллатҳо зиндагӣ мекунанд. Роҳи оҳан, роҳҳои автомобилгард ва ҳавоӣ дорад.

Таъсиси Бағдод[вироиш]

Бағдод дар соҳили рости дарёи Даҷла, шимолтари ҷӯйи калони Сарат, ки ин дарёро ба дарёи Фурот мепайваст, бунёд гардид. Барои сохтани шаҳри Бағдод бо амри Мансур мардуми Байнаннаҳрайн, Ироқ ва ҳатто Сурияю Эрон иҷборан ҷалб карда шуда буданд. Шумораи онҳо 100 ҳазор нафарро ташкил мекард. Соли оянда хазина ва идораҳои давлатии Аббосиён аз Куфа ба Бағдод кӯчонида шуданд. Сохтмони шаҳри Бағдод соли 766 анҷом ёфт. Атрофи Бағдодро ду девори гирди қалъа иҳота мекард. Баъди девор хандаки чуқури сероб мавҷуд буд. Дар қисмати марказии шаҳр қасри халифа ҷойгир буд, ки он бо девори дохилӣ иҳота карда шуда буд. Ин қасрро "Дарвозаҳои тиллоӣ" ё "Гумбази сабз" меномиданд, зеро боми толори тоҷу тахти халифа гумбази калони ҷилодор дошт. Дар шафати қаср масҷид сохта шуда буд. Аз қалъа каме дуртар идораҳои давлатӣ, хобгоҳи горд, ҳарами оилавии халифа ва амалдорони давлатӣ ҷойгир буданд. Зиндон аз қасри халифа каме дуртар воқеъ буд. Шаҳр чор дарвоза дошт - дарвозаи Басра, дарвозаи Хуросон, дарвозаи Сурия ва дарвозаи Куфа. Роҳҳои баромад аз ин дарвозаҳо аз маркази шаҳр оғоз ёфта буданд.

Таърих[вироиш]

Шаҳри Бағдод дар асри IX ба яке аз шаҳрҳои калонтарини тиҷоратию ҳунармандӣ табдил ёфта, тарафи чапи дарёи Даҷларо низ дар бар гирифта, ба маркази асосии маданию маъмурии Хилофат мубаддал гардид. Тамоми Хилофати бузург аз тарафи халифаҳои Аббосиён аз ҳамин шаҳр идора карда мешуд. Соли 762 дар замони халифа ал-Мансур (754–775) сохта шуд ва ба ҷойи шаҳри Куфа пойтахти хилофати Аббосиён гардид. Аввал Мадинату-с-Салом (Шаҳри Сулҳ) ном дошт. Ҳанӯз дар асри 9 бо Ҳиндустон, мамолики Араб ва Аврупо ва асри 10 бо давлати Рус робитаи тиҷоратӣ дошт. Замони шукуфоии Бағдод ба давраи ҳукмронии халифа Ҳорунаррашид (асри 9) рост меояд, қасрҳо, мадрасаҳо, биноҳои маъмурию истиқоматӣ сохта шуданд. Тӯли чандин садсола маркази бузурги илмию фарҳангии Шарқи Наздик ба шумор мерафт. Ишғоли Бағдод ба дасти оли Буя (соли 945) ва Салҷуқиён (соли 1055) сурат гирифта, яке аз шаҳрҳои ин хонадонҳо шуд. Соли 1258 аз ҷониби лашкари хони муғул Ҳулоку ишғол ва хароб карда шуд, солҳои 1393 ва 1401 лашкариёни Темур шаҳрро ғорат карданд. Асрҳои 16–17 зери итоати салҷуқиёну форсҳо қарор дошт, аз соли 1638 ба ҳайати Империяи Усмонӣ ворид гардид. Соли 1917 Бағдодро нерӯҳои низомии англис ишғол намуданд. Аз соли 1921 пойтахти шоҳигарии Ироқ ва аз 14 июли соли 1958 пойтахти Ҷумҳурии Ироқ мебошад. Солҳои 1997–98 аз ҷониби нерӯҳои ҳавоии Амрико ва Британияи Кабир бомбаборон карда шуд. Апрели 2003 шаҳр зери тасарруфи нерӯҳои амрикоӣ-британӣ қарор гирифт. Дар Бағдод бисёр корхонаҳои саноатӣ (бофандагӣ, дӯзандагӣ, хӯрокворӣ), инчунин муассисаҳои илмию фарҳангӣ ҷойгиранд, ки қисми зиёдашон ҳангоми бомбаборони соли 2003 хароб гардиданд. Даҷла шаҳрро ба соҳили рост (Карх) ва чап (Русофа) ҷудо менамояд. Дар Бағдод АИ Ироқ, се донишгоҳ, маҷмааи осорхонаи «Кохи Аббосиён», осорхонаи мардумшиносӣ, дахмаҳои Мусо ал-қадим, Зубайда ва дигар иншоот ҷойгиранд. Масҷиди Имоми Аъзам он ҷост.

Пайвандҳои беруна[вироиш]

Хилофати Аббосиён

Манбаъ[вироиш]

Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2