Салоҳияти Президент

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Салоҳияти Президент - маҷмӯи масъалаҳое, ки Конститутсия ва Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасли онҳоро ба ваколати Президент ҳамчун сарвари давлат ва Раиси Ҳукумат вогузор карда мешавад. Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан дар моддаи 69 Конститутсия ва дигар қонунҳо муқаррар шудааст. Азбаски салоҳияти Президент доираи васеи масъалаҳои сохтмони давлатӣ ва ҷамъиятиро дар бар мегирад, онҳоро вобаста ба мазмун ва моҳияташон дар адабиёт шартан ба якчанд гурӯҳ ҷудо кардаанд:

1. Дар соҳаи қонунгузорӣ ва мустаҳкам кардани қонуният ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, имзо гузоштан ба қонунҳои қабулкардаи Маҷлиси Олӣ, боздоштан ва бекор кардани санадҳои мақомоти давлатӣ дода шудааст.

2. Таъсис ва барҳам додани мақомоти давлатӣ, таъйин ва озод намудани шахсони мансабдори давлатӣ. Вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро ташкил ва барҳам дода, дастгоҳи иҷроияи худро таъсис медиҳад. Сарвазир ва дигар аъзоёни Ҳукумат, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯро ба вазифа таъйин намуда, Раисони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро таъйин ва озод менамояд. Номзадии Раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод менамояд. Бо ризоияти Маҷлиси миллӣ Прокурори генералӣ ва муовинони ӯро таъйин ва озод мекунад.

3. Ба харҷи сармояи захиравӣ ва муайян намудани низоми пул масъул буда, ба харҷи мақсадноки он ваколатдор аст, дар хусуси харҷи сармояи захиравӣ ба Маҷлиси Олӣ маълумот медиҳад.

4. Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро муайян намуда, Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад. Ба татбиқи сиёсати хориҷӣ роҳбарӣ мекунад, шартномаҳои байналмилалиро имзо ва ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд. Сарони намояндагони дипломатиро дар давлатҳои хориҷӣ, намояндаҳои ҷумҳуриро дар ташкилотҳои байналмилалӣ таъйин ва озод мекунад. Эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷиро қабул менамояд.

5. Президент аз рӯи вазифаи худ Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон буда, фармондеҳони қӯшунҳои ҳарбиро таъйин ва озод мекунад. Барои ҳалли масъалаҳои таъмини амнияту бехатарии давлат Шӯрои амниятро таъсис медиҳад ва ба он роҳбарӣ мекунад. Ҳангоми таҳдиди хатари воқеӣ ба амнияти давлат ҳолати ҷанг эълон намуда, фармонро ба тасдиқи Маҷлиси Олӣ пешниҳод мекунад. Дар саросари давлат ва ё дар маҳалҳои ҷудогонаи он вазъияти фавқулодда эълон намуда, фармонро дар ин хусус фавран ба тасдиқи Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуда, ба Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад. Барои хидматҳои шоиста ба унвонҳои олии ҳарбӣ сарфароз мегардонад.

6. Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсонро ба шаҳрвандии Тоҷикистон қабул мекунад, ба шаҳрвандии Тоҷикистон барқарор намуда, шаҳрванди фахрии Тоҷикистон мехонад. Масъалаҳои баромадан ва маҳрум гардидан аз шаҳрвандии Тоҷикистонро ҳал мекунад. Масъалаҳои бахшиши ҷазоро ҳал менамояд.

7. Шаҳрвандонро ба ҷоизаҳои давлатӣ, нишонҳо ва унвонҳои ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз мегардонад.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 405-406