Сартарошон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Сартарошон

Сартарошон маросимест, ки дар хонаи домод пеш аз ба никоҳ бурдани домод барпо мегардид. Дар ин маросим домодро дар миёни ҳавлӣ шинонда, мӯйсафеди рӯзгордидае (Сартарош) дар даст шонаю қайчӣ гирифта, ҳазлу шӯхикунон вонамуд месозад, ки гӯё сари домодро тарошида истода бошад. Сарояндагон дар ин маврид сурудҳои махсуси сартарошонро месароянд. Наздикони домод дар гирди ӯ рақсу бозӣ менамоянд. Дар саросари кишвар дар ҳолати аз байнравӣ қарор дорад.[1]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

1. Раҳимов Д. Фолклори тоҷик. Дастури таълимӣ. Душанбе: Эҷод, 2009 2. Аҳмадов Р. Фолклори маросимҳои мавсимии тоҷикони Осиёи Марказӣ. Д., 2007. 92

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Манобеъ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 93