Скарлетт Йохансон

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ба ин мақола дигар саҳифаҳои мақолаҳои Википедиа пайваст нестанд.
Лутфан, аз ҷустуҷӯ истифода баред ва пайвандеро аз рӯи қоидаҳои кабулшуда гузоред.
Скарлетт Йохансон

Ска́рлетт Йо́ханссон (инглисӣ: Scarlett Johansson, соли таваллуд 1984) — ҳунарпешаи ИМА.

Тарҷумаи ҳол[вироиш]

Скарлетт Йохансон 22 ноябри соли 1984 дар шаҳри Ню-Йорк ба дунё омадааст. Падари ӯ, ки аслан аз Дания будааст, дар иёлати Манҳэттен дар соҳаи сохтмон кор мекард. Модари онҳо ба тарбияи фарзандон– писаронашон Эдриан у Ҳантер ва духтаронашон Ванесса ву Скарлетт машғул буд. Номи Скарлеттрро ба хотири қаҳрамони филми «Унесенные Ветром» - Скарлетт О'Ҳаро гузоштаанд. Дар авлоди Йохансон ягон кас ба санъати синамо ва театр таваҷҷӯҳе надошт ва шиносоии ӯ бо олами шоубизнес тасодуфӣ буд. Яке аз дӯстони оила ба волидайни Скарлетт маслиҳат медиҳад, ки иҷозат диҳанд ӯ дар ягон кастинг иштирок варзад. Баъди ин Скарлетт дар ҳама гунна кастингҳо иштирок мекард ва мехост, ки ба ягон нақше соҳиб шавад Модараш ӯро дар ин кор ҳамачониба дастгирӣ мекард ва ӯро ба шӯъбаи кӯдакони боистеъдоди донишгоҳи театрии Лӣ Страсберг супурд. Дар давоми таҳсил дар он ҷо Скарлетт дар чандин намоишномаҳои театрӣ баромад кард. Ҳанӯз пас аз ним соли таҳсил дар шӯъбаи кӯдакона, ӯро ба курси ҳунарпешагони калонсол гузаронданд ва Скарлетти хурдсол аз ӯҳдаи он дарсҳо баромада тавонист. Соли 1994 ба ӯ нақшеро дар филм Роб Рейнер - «Норт» доданд, ки дар он дар баробари Скарлетт дигар ситораи синамо Элайҷа Вуд ( филми «Властелин Колец») низ карйераи худро дар синамо оғоз намуд. Баъд ӯ нақши духтари Шон Коннериро дар филми «Just Cause» бозид.. Баъдтар Скарлетт дар филми мазҳакавии «Один Дома 3», нақши хоҳари калонии қаҳрамони Алекс Линсро бозид. Филми Роберт Редфорд «Заклинатель Лошадей» /«The Horse Whisperer»/ ба Йохансон шӯҳрат меорад. Барои иштирок дар ин филм Скарлеттро ба ҷоизаи Ҳунарпешагони ҷавон /Young Artist award/ пешниҳод карданд. Маҳорати ҳунарпешаи ҷавон дар филм София Коппола «Трудности Перевода» пурра ҳувайдо гардид. Ин филм ба мунаққидон писанд ва ҷоизаи «Глобуси Тиллоӣ»-ро чун «Филми Беҳтарин», «Сенарияи Беҳтарн» ва «Ҳунарпешаи Беҳтарин»-ро (Билл Мюррей) гирифт. Скарлетт низ барои нақши беҳтарин пешниҳод шуда буд, вале ҷоизаро Диан Китон ( филми «Любовь по правилам и без») соҳиб шуд. Вале ӯ бемукофот намонд ва ҷоизаи ҳунарпешаи беҳтаринро аз киноакадемияи Британия гирифт. Ба синни ҷавони худ нигоҳ накарда, дар айни замон Скарлетт яке аз бомаҳораттарин ҳунарпешагони Ҳолливуд мебошад. Нақшаи кори ӯ барои чандин солҳо пешакӣ пур шудааст. Дар оянда ӯ бо Эван МакГрегор дар филми фантастикии «Остров» ва бо Том Круз дар қисми сеюми «Миссия: Невыполнима» ва «Match Point»-и коргардон Вудӣ Ален нақшҳохоҳад офарид .

Филмномаҳо[вироиш]

1994 Норт North Лаура Нелсон
1995 Справедливый суд Just Cause Кейт Армстронг
1996 Если Люси упадёт If Lucy Fell Эмили
1996 Мэнни и Ло Manny & Lo Аманда
1997 Падение Fall
1997 Один дома — 3 Home Alone 3 Молли
1998 Заклинатель The Horse Whisperer Грейс Маклин
1999 Мой брат — свинья My Brother the Pig Кэти Кэлдвел
2000 Мир призраков Ghost World Ребекка
2001 Человек, которого не было The Man Who Wasn’t There
2001 Американская рапсодия An American Rhapsody Сюзанна Шандор
2002 Атака пауков Eight Legged Freaks Эшли Паркер
2003 Трудности перевода Lost in Translation Шарлотта
2003 Девушка с жемчужной серёжкой Girl with a Pearl Earring Грит
2004 Высший балл The Perfect Score Франческа Кёртис
2004 Любовная лихорадка A Love Song for Bobby Long Перси Уилл
2004 Хорошая женщина A Good Woman Мэг Уиндермер
2004 Губка Боб Квадратные штаны The SpongeBob SquarePants Movie Минди (голос)
2004 Крутая компания In Good Company Алекс Формен
2005 Матч пойнт Match Point Нола Райс
2005 Остров The Island
2006 Сенсация Scoop Сондра Прански
2006 Чёрная орхидея The Black Dahlia Кэй Лэйк
2007 Престиж The Prestige Оливия
2007 Дневники няни The Nanny Diaries Энни
2007 Бриллиант Brilliant
2007 Другая Болейн The Other Boleyn Girl Мэри Болейн
2008 Мэри, королева Шотландии "Mary Queen of Scots" Мэри, королева Шотландии
2008 Полночь в Барселоне Midnight in Barcelona"

Пайвандҳо[вироиш]