Содиқи Завқӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Содиқи Завқӣ Яминович |
---|---|
Таърихи таваллуд: | 30 июн 1967 (57 сол) |
Зодгоҳ: | деҳаи Чубеки ноҳияи Москва, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | шоир |
Солҳои эҷод: | 1981 — то ҳол |
Забони осор: | тоҷикӣ |
Содиқи Завқӣ (Содиқи Завқӣ Яминович; 30 июни 1967, деҳаи Чубек, ноҳияи Москва, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — шоири тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2002).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Содиқи Завқӣ 30 июни соли 1967 дар деҳаи Чубеки ноҳияи Москва дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Таҳсилоти ибтидоиро дар мактаби деҳаи Ёли ноҳияи Шурообод гирифта сипас дар Донишкадаи давлатии омузгории шаҳри Кулоб дохил шуда баъди курси 2 соли 1986 ба саффи Артиши Шуравӣ даъват мешавад аз соли 1986 то 1988 хидмати ватанро дар кишвари Афғонистон адо намуда, таҳсилро боз дар донишкадаи номбурда идома дода онро соли 1991 ба итмом расонидааст.
Соли 2010 шуъбаи баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон хатм намудааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Содиқ Завқӣ баъди хатми донишкада фаъолияти корияшро ба сифати муаллими забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи рақами 11 ноҳияи Шурообод оғоз намуда то соли 1995 кор намудааст. Аз солҳои 1995 то 2002 мухбири ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», аз солҳои 2002 то солҳои 2006 дар корхонаи хусусии муҳофизатии «Шериф»-и шаҳри Маскави Федератсияи Русия фаъолият менамояд.
Солҳои 2006—2007 дар Муассисаи нашрявии «Маориф ва фарҳанг»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи сардори шуъбаи «Маркетинг», солҳои 2007—2010 дар шуъбаи масоили иҷтимоиу фарҳангӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, солҳои 2010—2011 мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Сино,солҳои 2012—2014 дар муассисаи нашрявии «Адиб» ва солҳои 2014—2021 директори муассисаи нашрявии «Адабиёти бачагона» кор кардааст.
Аз соли 2021 ба ин сӯ директори Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад[1].
Фаъолияти эҷодӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Содиқи Завқи шергӯиро аз синни 14 солагияш оғоз намудааст. Ӯ дар ҳамаи жанрҳои адабӣ қувваозмоӣ намуда муваффақ гаштааст. Аз қабили ғазал, дубайтӣ, рубоӣ, драмма (иллат), ҳикояҳои саҳм гузоштааст. Китоби аввалини худро соли 1997 бо номи «Субҳи содиқ» ба тариқи назм аз чоп мебарорад. То кунун маҷмӯаҳои ашъораш «Субҳи содиқ» (1998), «Чашми рӯз» (1999), «Нигоҳи Меҳр» (2000), «Мароми зиндагӣ» (2011), «Хаёли орзуҳо» (2017) дастраси хонандагон гардидаанд.
Шеърҳои ватандустонаи ӯ «Бар мардуми бенанг Ватан ҳайф аст», «Тоҷикистон», «Маро ту дар сафар зодӣ ки доим дар сафар бошам», «Ба ҳар ҷое ки рафтам, ҳарф аз боби Ватан гуфтам» вирди забони мардум аст. Оҳангсозон ба 220 шеъри ӯ оҳанг бастаанд.
Медалу ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Содиқ Завқӣ бо медалҳои «Шуҷоат», «Раҳматнома аз номи халқи Афғонистон», «Ба муносибати зодрузи 70-соли Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС», «Ба ҷанговари интернатсионалист», «20 солагии барориши Қувваҳои Мусаллаҳ аз кишвари Афғонистон», Грамотаи Президиуми Совети Олии ИҶШС, ҷоизаи «Ҷавонони Тоҷикистон аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши адабиёт» (Мушовири хидмати давлатии дараҷаи 2) сарфароз гардонида шудааст.
Аз соли 2002 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Машраби Аловиддин. Корвони китоб дар вилояти Хатлон. Pressa.tj (3 марти 2022). 8 феврали 2023 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ) / Асрори Сомонӣ, Маҷид Салим. — Д.: Адиб, 2014. — С. 86. — 320 с. — ISBN 9789994723799.
- Содиқи Завқӣ. Хайёли орзуҳо. — Д.: Адабиёти бачагона, 2017. — 152 с. — ISBN 9789994702040.