Сӯҳроб

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Рустаму Суҳроб.Баъди ҷанги тан ба тан

Суҳроб - писари Рустам ва Таҳмина -дар якмоҳагӣ ба кӯдаки яксола монанд буд ва дар сесолагӣ чавгонбозӣ ва дар панҷсолагӣ тирандозиву камонвариро ёд гирифт ва дар даҳсолагӣ аз ҳамаи паҳлавонон гузашту касе дигар ёрои зӯрозмоӣ бо ӯро надошт. Аз модар нажоди худро пурсид:

Зи тухми киям в-аз кадомин гуҳар?
Чи гӯям, чу пурсад касе аз падар?

Чун аз суханони модар донист, ки ӯ писари Рустам паҳлавон аст, (Ту пури гави пилтан Рустамӣ,- Зи Дастони Сомиву аз Найрамӣ, -мегӯяд дар посухи Суҳроб модар), вай лашкар оросту роҳи Эронро пеш гирифт, то падарро ёбаду тахту тоҷи Эронро гирифта ба ӯ диҳад. Таҳмина бародари худ Жандарзмро ба ӯ ҳамроҳ кард, то Рустамро ба вай нишон диҳад. Аммо Жандаразм ба дасти Рустам кушта шуд. Суҳроб ба Ҳужир, ки асираш афтида буд, умед баст то падарашро пайдо кунад. Вале Ҳужир ин корро накард.

Фирдавсӣ дар мисоли Суҳроб образи ҷавони пурзӯри бетаҷрибаро нишон додааст, ки ба сабаби сабукмағзиву ғурури ҷавонӣ ба корҳои ғайриоддӣ даст мезанад. Вай мегӯяд:

Чу Рустам падар бошаду ман писар,
Набояд ба гетӣ касе тоҷвар!

Вай аз ғурури зӯри ҷавонӣ лашкар орост, аз фитнаи Афросиёб бехабар монда, тӯҳфаҳову лашкару паҳлавонони ӯ Ҳумону Бормонро пазируфт, ба фиреби Гурдофариду Рустам бовар карду ҳар дуро раҳо кард ва охирон пушаймон шуд. Гарчи борҳо дилаш гувоҳӣ медиҳад, ки Рустам падари ӯст, бозубанди ӯро нишон намедиҳад. Натиҷаи ҷавониву бетаҷрибагист, ки Ҳужир низ ӯро нишон намедиҳад. Вай соддалаҳв аст. Бо як дидан ошиқи Гурдофарид машавад, ғамзаву ишваҳои маккоронаи ӯро рост мефаҳмад ва сайдро аз даст медиҳад. Тақдир Суҳробро ба марг маҳкум кардааст, зеро вай, аз як сӯ, ғайри расму ойини маьмули замон зода шудааст, аз сӯи дигар, бетаҷрибаву мағрури зӯри бозувони худ аст, яьне бедонишу хирад ва таҷрибаи рӯзгор танҳо ба зӯри бозувон ба мақсад расидан имконпазир нест.


Шоҳномаи Фирдавсӣ
Қаҳрамонҳо
Абтин | Ораш | Афросиёб | Исфандиёр | Фаридун | Гударз | Гурдофарид | Ҳушанг | Ҷамшед | Кова | Кай Хусрав | Каюмарс | Манучеҳр | Рахш | Руҳам | Рустам | Рустам Фаррухзод | Рудоба | Саам | Шағад | Симурғ | Сиёвуш | Сӯҳроб | Таҳмина | Таҳмурас | Зол | Заҳҳок
Ҷойҳо
Эрон | Турон