Сиёвуш

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Siyavush StPetersburg Dorn333 f265v.jpg

Сиёвуш - тибки маълумоти сарчашмаҳои таърихи ҳанӯз 4-ҳазор сол пеш мардуми эронинажод Сиёвушро ҳамчун худованди наботод эътироф карда, ба парастиши ӯ мепардохтанд. Аввалин маълумот оид ба Сиёвуш дар Яштҳо оварда шуда, шоҳи каёни буданаш таъкид мегардад. Сарчашмаҳои баъдинаи фарҳангии то замони Фирдавси ба хулку хӯй ва сурату сирати Сиёвуш иловаҳо намуда, симои ӯро хотирнишину барҷаста намуданд. Ба василаи такмили ниҳоии Фирдавсӣ бошад, образи Сиёвуш ҳамчун шахси росткору ростандеш, зебову заковатманд ва ба ноҳак шахидгашта абадзинда гашт:

Кухангашта ин достонхо зи ман,
Хаме нав шавад бар сари анчуман.
Агар дод бояд, ки монад ба чой,
Биёрою з-он пас ба доно намой.
Фирдавси ба симои Сиёвуш диккати махсус дода,аз ибтидо то ба интихои достон онро сайкал медихад.Тибки раванди сужет у аз як тифли озодаву дустру ба марди окилу хушру такомил меёбад.
Бо кушишу захмати Рустам Сиёвуш тарбияи чисмони, рухони ва аклони ёфта,чун пахлавони сохибакл, халиму покизарой ва сахиву дурандеш ба камол мерасад. У ба зиндаги дили гарм доша,хизмати содикона ба Ватанро дуст дорад. Бо вучуди печу тобхои зиндаги рашку хасад ва чангчуиу кинаварзихои атрофиён,пайваста ба сулху субот ва созандаги бахри окибати хуш кушиш ба харч медихад. Кина, бухлу хасад, рашк, кахру газаб,бехирадиву вайронкори хоси унест. То лахзаи охирин умед ба фарчоми хуб дорад. У хатто вакте лашкари анбухи чангчуи Афросиёбро мебинад, ба лашкариёнаш ханчаркаширо манъ намуда, рохи мусолиха мечуяду бори дигар босуботии худро дар рохи сулху сафо исбот менамояд.

Сиёвуш дар мулкдори низ хамто надорад. Хамеша шахр месозаду онро обод мекунад.Аз фарогту захмати мардуми кишвараш огох асту бахри офияти онхо кушиш мекунад.Ин аст ки уро чун шохи одилу раиятпарвар дуст медоранд.

Дар образи Сиёвуш Фирдавси умеду армони худро тачассум намуда,ба у вафодорию мухаббат,ростию самимият,каромату шафоат,аклу заковат,марди кавииродаги, собиткадами барин хислатхои начиби инсонироарзони медорад.

Манбаъ[вироиш]

Шоҳномаи Фирдавсӣ
Қаҳрамонҳо
Абтин | Ораш | Афросиёб | Исфандиёр | Фаридун | Гударз | Гурдофарид | Ҳушанг | Ҷамшед | Кова | Кай Хусрав | Каюмарс | Манучеҳр | Рахш | Руҳам | Рустам | Рустам Фаррухзод | Рудоба | Саам | Шағад | Симурғ | Сиёвуш | Сӯҳроб | Таҳмина | Таҳмурас | Зол | Заҳҳок
Ҷойҳо
Эрон | Турон